Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 October 2012

Дар бораи баргузории Фестивали

«Мероси Роҳи Абрешим»

 

Муроҷиатҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №2-371 аз 3 сентябри соли 2012 ва ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)» №С-896 аз 1 октябри соли 2012 дар хусуси додани иҷозат барои гузаронидани Фестивали «Мероси Роҳи Абрешим» дар Боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба»- ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

 

1.      Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO)» барои доир намудани Фестивали «Мероси Роҳи Абрешим» санаи 6 октябри соли 2012 аз соати     10-00 то 16-00 дар Боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба» иҷозат дода шавад.

2.      Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии «Ғалаба» ва дигар сохторҳои мурбута, вобаста ба самти фаъолияташон, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа (VSO  ҳамкориро ба роҳ монанд.  

3.      Раёсати Вазорати  корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе якҷоя бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе  барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сўхторхомўшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо дар замон ва макони  баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

4.      Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.) ва муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ