Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 October 2012

Қ А Р О Р И  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №611 аз 9.10.2012

 

Дар бораи гузаронидани иди «Ҳосилот – 2012» дар шаҳри Душанбе

 

       Бо мақсади ғани гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмин намудани  сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»  

 

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

 

        1. Иди «Ҳосилот - 2012» тибқи Нақшаи чорабинии замимагардида 13 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе  гузаронида шавад.   

2. Макони баргузории чорабинӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур – даромадгоҳи КВД «Бозори Шоҳмансур», Сино – даромадгоҳи КВД «Бозори Деҳқон», Фирдавсӣ - даромадгоҳи КВД «Бозори Саховат», И.Сомонӣ – даромадгоҳи бозори «Варзоб» муқаррар, гузаронидани озмунҳои «карвинг»-у расмҳои кўдакона ва маросими ҷамъбасти фестивал дар майдони «800-солагии Москва» муайян карда шавад.

3. Раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., Сино - Сафаров З.А. ва Фирдавсӣ - Алиев С.А.  якҷоя бо раёсатҳои рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Амонов С.Н.), ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани иди “Ҳосилот – 2012”  мусоидат намоянд.   

          4. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»   (Муминов С.), «Бозори Деҳқон» (Мадохиров И.), «Бозори Шоҳмансур» (Ризоев А.), «Бозори Саховат» (Каримов Ҳ.), бозори «Варзоб» (Ҳомидов Д.), хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ ва бевосита истеҳсолкунандагони маҳсулоти агросаноатии ҷумҳуриро, ки бо онҳо ҳамкорӣ доранд, ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур ҷалб намуда, айвонҳои намоишгоҳи онро бо маҳсулоти кишоварзӣ пур намоянд.

         5. Раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби саҳмгузорон, сарпарастон ва соҳибкорон барои гузаронидани чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

         6. Назорати  иҷрои Қарори  мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри  Душанбе Назаров Б. М.  гузошта шавад.

 

                                                     М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Н А Қ Ш А И 

 

чорабиниҳо доир ба гузаронидани иди «Ҳосилот – 2012»

дар шаҳри Душанбе

 

Номгўи чорабинӣ

Иҷрокунанда

Мўҳлат

Масъул

1

Ташкил ва гузоштани айвонҳо (павилонҳо) барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷойҳои баргузоршавии чорабинӣ.

Раёсати рушди иқтисод ва савдо (Амонов С.Н.), корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид  ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия» (Муминов С.),

«Бозори Деҳқон» (Мадохиров И.), «Бозори Шоҳмансур» (Ризоев А.), «Бозори Саховат» (Каримов Ҳ.).

то 12 октябр

Назаров Б.М.

Сафаров З.А.

Алиев С.А.

Бобоев С.Қ.

Қурбонов А.Ҷ.

2

Муҷаҳҳазгардонии  10 адад стендҳои калони чўбини иттилоотӣ.

Шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мусоева Ш.Р.) ва  ТҶ «Кўҳи нор» (Абдуллоев З.),  (дар мувофиқа).

то 12 октябр

Раҳимова С.Ҳ.

 

3

Ҷойгиркунии навори тарғиботӣ дар таблоҳои электронии шаҳр

Таҳияи навори тарғиботӣ аз тарафи ТҶ «Кўҳи нор»;

(Абдуллоев З.), (дар мувофиқа) Ҷойгиркунии навори тарғиботӣ аз  тарафи МД «Рекламаи беруни ва ороиши шаҳри Душанбе»

 (Ҳалимов Р.М.).

10 октябр

 

10-12 октябр

Мансуров Ҷ.М.

Назаров Б.М.

4

Ҷойгиркунии навори тарғиботӣ дар МД «Телевизиони Пойтахт»,

Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ).

МД «Телевизиони Пойтахт»,

Симои мустақили Тоҷикистон, (СМТ) (дар мувофиқа).

аз

10 то 13 октябр

Раҳимова С.Ҳ.

 

5

Омода намудани эълон ва рекламаи ид – «Ҳосилот-2012» дар рўзномаҳои «Вечёрка», «Фараж», сайти «Авесто», Artculture.tj.

ТҶ «Кўҳи нор» 

(Абдуллоев З.), (дар мувофиқа)

 

то 10 октябр

Раҳимова С.Ҳ.

6

Таъмини  павилонҳо  бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар чорабиниҳо  

КВД «Оид  ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия» (Муминов С.),

«Бозори Деҳқон»(Мадохиров И.), «Бозори Шоҳмансур» (Ризоев А.), «Бозори Саховат» (Каримов Ҳ.).

13  октябр

Амонов С.Н.

7

Ҷалби  иштироки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзию  агросаноатӣ ва намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ

КВД «Оид  ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия» (Муминов С.),

«Бозори Деҳқон»(Мадохиров И.), «Бозори Шоҳмансур» (Ризоев А.), «Бозори Саховат» (Каримов Ҳ.).

то 12  октябр

Назаров Б.М.

Сафаров З.А.

Алиев С.А.

Бобоев С.Қ.

Қурбонов А.Ҷ.

8

Ба имзо расонидани  шартномаҳои ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзию  агросаноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ.

КВД «Оид  ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия» (Муминов С.),

«Бозори Деҳқон»(Мадохиров И.), «Бозори Шоҳмансур» (Ризоев А.), «Бозори Саховат» (Каримов Ҳ.).

13 октябр

Назаров Б.М.

 

9

Таъмини маҳсулоти зарурии кишоварзӣ барои иштирокчиёни озмуни «карвинг».

КВД «Оид  ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия» (Муминов С.),

«Бозори Деҳқон»(Мадохиров И.), «Бозори Шоҳмансур» (Ризоев А.), «Бозори Саховат» (Каримов Ҳ.).

13 октябр

Амонов С.Н.

Амиршоева Г.

10

Ташкили 15 адад миз барои озмуни «карвинг»

Муассисаҳои хўроки умумии ноҳияҳои шаҳр

13 октябр

Амонов С.Н.

11

Ташкили барномаи консертӣ бо  баромади ҳунармандон дар майдони «800-солагии Москва».

Шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  (Мусоева Ш.Р.)

13 октябр

Раҳимова С.Ҳ.

12

Муҷаҳҳазгардонии намоишгоҳ дар майдони «800-солагии Москва» барои гузаронидани озмуни «карвинг», расмҳои кўдакон ва ҷамъбасти расмии Фестивал.

ҶММ «Вечерный Душанбе» (Амиршоева Г., дар мувофиқа),

ТҶ «Кўҳи  нор» 

(Абдуллоев З., дар мувофиқа).

13 октябр

Раҳимова С.Ҳ.

Амонов С.Н.

13

Иштирок ва саҳмгузории корхонаҳои соҳаи саноати хўрокворӣ  ҳангоми баргузории гузаронидани озмунҳои «карвинг», расмҳои кўдакон ва ҷамъбасти расмии чорабинӣ (дар мувофиқа).

Корхонаҳои истеҳсолии нўшокиҳои маъданӣ: «Сим-Сим», «Оби зулол» ва дигар корхонаҳои КВД «Хўрокворӣ»(дар мувофиқа), «Комбинати гўшту консерва», «Комбинати саноати хўроквории Душанбе», «Фабрикаи  шири «Саодат», «ДушанбеАгросервис», «Комбинати Панир» ва қаннодӣ «Шириниҳои шарқ», «Шафоат», «Ширин» ва дигар корхонаҳои хўроки умумии ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва И.Сомонӣ.

13 октябр

Раҳимова С.Ҳ.,

 

14

Омода намудани мукофотҳо ва дипломҳо барои ғолибони озмунҳо, инъикоси ҷараёни фестивал тариқи ВАО, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, банаворгирӣ ва суратгирӣ,  тайёр кардани бейҷикҳо барои намояндагони ташкилкунандагони чорабинӣ.

ҶММ «Вечерный Душанбе» (Амиршоева Г., дар мувофиқа),

ТҶ «Кўҳи нор» 

(Абдуллоев З., дар мувофиқа).

 

 то 13 октябр

 

Раҳимова С.Ҳ.,

Амонов С.Н.