Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 October 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 613 аз 9 октябри соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер» оиди таъмини  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо 20 (бист)  компютер (CPU-Intel Core i3 на камтар аз 2,5 GHz, RAM-DDR3 2GB, HDD-SATA 250GB, Mother Board-(AsRock, Asus, Elitgroup) G41, VGA- аз 256 то 1 GB, Монитор LSD ё LED 19 дюйма, ИПБ-на камтар аз 600 Ватт), 17 (ҳабдаҳ) дона принтер CANON-6000 ва 3 (се) дона принтер CANON-4410 (3-1) бо мақсади самаранок истифода бурдани маблаѓҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ» рӯзи 22 –уми октябри  соли 2012 ба озмун даъват менамояд.

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

- оинномаи корхона;

- иҷозатнома (литсензия) барои хариду фурӯш; 

- кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

- гувоҳномаи нозироти андоз;

- гувоҳномаи фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

- маълумотҳо оид ба таъминоти корхонаҳо бо компютер дар 2-3 соли охир;

- номгӯи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблаѓи ҷудошуда;

- пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

 Дархостҳо бояд дар лифофаи пушидаи мӯҳрзада то соати 10.00 22 уми октябри соли 2012 ба шӯъбаи молиявию хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Фармоишгар) супорида шаванд.

Озмун рӯзи 22 октябри соли 2012 соати 15.00 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

          Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ довталабон метавонанд

ба шӯъбаи молиявию хоҷагии дастгоҳи Раиси шахри Душанбе:  хиёбони Рӯдакӣ - 48 ё бо телефонҳои  221-61-07: 221-27-66  муроҷиат намоянд.