Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2012

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз 15 октябр то 15 ноябри соли 2012                                         озмун эълон менамояд.

 

а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

 

·        мудири шӯъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мудири шӯъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мудири шӯъбаи ташкилӣ;

·        сармутахассиси шӯъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        сармутахассиси  шӯъбаи ташкилӣ;

·        сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси  шӯъбаи коммуналию муҳандисӣ;

·        мутахассиси пешбари  шӯъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мутахассиси пешбари шӯъбаи саноат ва энергетика;

·        мутахассиси пешбари  шӯъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мутахассиси пешбари  шӯъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;

·        мутахассиси  шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ;

    

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе:

 

·        сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

·        муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        мудири шӯъба оид ба корҳои дин;

·        мудири шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

 

         Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс  собиқаи

  меҳнатӣ надорад);

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома.

       
        Ба довталабоне, ки то соли 1992 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

        Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то   15  ноябри соли 2012

        Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи  кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Тел: 221-62-56, 221-35-68.

 

Қарори  раиси шаҲри Душанбе №625 аз  11 октябри соли 2012

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

мансабҳои холии маъмурии хизмати  давлатӣ  

дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 2 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 659  аз  20 майи соли 2009 тасдиқ шудааст,

          

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1.Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин дар

а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

 

·        мудири шӯъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мудири шӯъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мудири шӯъбаи ташкилӣ;

·        сармутахассиси шӯъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        сармутахассиси  шӯъбаи ташкилӣ;

·        сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси  шӯъбаи коммуналию муҳандисӣ;

·        мутахассиси пешбари  шӯъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мутахассиси пешбари шӯъбаи саноат ва энергетика;

·        мутахассиси пешбари  шӯъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мутахассиси пешбари  шӯъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;

·        мутахассиси  шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ;

    

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе:

 

·        сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

·        муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        мудири шӯъба оид ба корҳои дин;

·        мудири шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

 

 

        аз  15 октябр  то  15  ноябри  соли 2012 озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар  аз  20  ноябри соли 2012 ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ