Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори  Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанб аз 15 октябр то 20 ноябри соли 2012  озмун эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии « Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

 

ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабоне, ки дар соҳаи байторӣ ва зооинженерӣ таҷрибаи корӣ дошта, дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, афзалият дода мешавад.

Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  20  ноябри соли 2012.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56, 221-35-68    муроҷиат  намоянд.

 

 

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №626 аз  11 октябри соли 2012

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

вазифаи директори  Муассисаи давлатии  «Боғи

ҳайвоноти  шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

         

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1.Барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  аз 15 октябр то  20 ноябри соли 2012 озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар  аз  24  ноябри соли 2012 ҷамъбаст  карда шавад.

 

        2.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ