Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2012

 ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №637 аз 16  октябри  соли 2012

Дар бораи муваққатан қатъ намудани

интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои

обтозакунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»

 

         Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №85-9 аз 19 апрели соли 2012 «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1.  Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои муваққатан қать намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтозакунии «Ҷанубӣ-Ѓарбӣ» ва «Кофарниҳон» тасдиқ карда шавад.

2.     Муқаррар карда шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтозакунии:

 

I. Истгоҳи обтозакунии Ҷанубӣ-Ғарбӣ

 

- ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 24, 25, 43, 44, 52, 53, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ ва Н.Қарабоев;

- ноҳияи Сино: шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Ю.Вафо, Котовский, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Ҳаёти Нав, Арбобхотун аз соати 23:00 рӯзи 18 октябри соли 2012 то соати 23:00 рӯзи 19 октябри соли 2012 қатъ мегардад.

 

                             II. Истгоҳи обтозакунии Кофарниҳон  

         - ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская 1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Чайковский;

     - ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гастелло, Улуѓбек, У.Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192,193, Бинокорон ва ДОК, аз соати 23:00 рӯзи 31 октябри соли 2012 то соати 23:00 рӯзи 1 ноябри соли 2012 қатъ мегардад.

3.     Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4.     Раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ – Алиев С.А., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., Сино – Сафаров З.А. ва Корхонаи  воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Исупов Ф.А.) сокинони минтақаҳои номбурдаро бо истифода аз мошинҳои обкашӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. 

5.     Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авѓонов З.Т.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6.     Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

  М. Убайдуллоев