Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 October 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №641 аз 18.10.2012

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи М.Миршакар (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи М.Турсунзода)

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмиру сохтмонии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаи  М.Миршакар (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи М.Турсунзода), мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Дар роҳи автомобилгарди кӯчаи М.Миршакар (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи М.Турсунзода) ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 19 октябри соли 2012 қатъ карда шуда, корҳои таъмиру сохтмонии роҳи мазкур марҳила ба марҳила дар қисми:

- аз хиёбони Рӯдакӣ то гардиши кӯчаи Бохтар то 5 ноябри соли 2012;

- аз гардиши кӯчаи Бохтар то буриши кӯчаи М.Турсунзода то 10 декабри соли 2012 ба анҷом расонида шаванд.

2.   Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

3.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

4.   Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ