Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 October 2012

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба  баррасии фаъолияти сохторҳои марбута оид ба ҳолати иҷрои талаботҳои қонунгузориҳои ҷорӣ вобаста ба нақлиёт ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ин самтро ба танзим медароранд, бо иштироки Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт,  коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, аъзоёни комиссияи ҷамъиятии назорат аз болои тамоми нақлиёти  истифодаи умум, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хусусии бо мусофиркашонӣ машғулбуда,  ҷаласа барпо намуд.

Дар ҷаласа сараввал ахбори прокурори калони шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи шаҳри Душанбе  Ҷамшед Шарипов оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва зикр гардид, ки бар хилофи талаботи оинномавӣ аз ҷониби муассисаи мазкур хатсайрҳо дар баъзе ҳолатҳо бе озмун ба ҷамъиятҳо дода шудаанд, ки ин яке аз сабабҳои дар сатҳи паст қарор доштани хизматрасонии  мусофиркашонӣ  бо нақлиёти автомобилӣ гардида, талабот оид ба қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ ҳангоми кушодани хати сайрҳо, бо пуррагӣ риоя карда нашудааст.

Ҳамчунин,  бинобар сабаби дуруст фаъолият накардани Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва корхонаҳою ҷамъиятҳои шаклҳои гуногуни моликият, ки ба хизматрасонии  мусофирбарии шаҳр машғул мебошанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт баромад ва  иҷроиши даврҳои воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар аксари хатсайрҳои  шаҳр таъмин карда нашудааст.

Директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А.Шералиев бар хилофи талаботи оинномавӣ амал намуда, ба роҳбарони ҷамъиятҳои хусусии  мусофиркаш ғайриқонунӣ шаҳодатномаҳои хизматӣ ва  ҳуқуқи назорати кори нақлиёти мусофирбарии шаҳрро додааст. Аз беназоратӣ  ва бемасъулиятии роҳбарони  Муассисаи мазкур камбудиҳои ҷиддӣ  дар самти ташкили роҳнамоии ҳаракати автомобилҳо тавассути танзимгарон низ ба мушоҳида мерасад.

Ҳамчунин дар муассиса китоби ягонаи бақайдгирии  муроҷиатҳои шаҳрвандон ташкил карда нашуда, арзи шаҳрвандон дар китоби умумӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Зимни баррасии масъала Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти сусти роҳбарони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», корхонаҳои коммуналӣ ва ҷамъиятҳои хусусии нақлиёти мусофиркаш, инчунин комиссияи ҷамъиятию шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр  ва Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ  кард.

Ҳамзамон таъкид намуд, ки барои роҳ додан ба чунин камбудиҳои ҷиддӣ месазад, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе А.Оев, директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А.Шералиев, и.в. сардори Раёсати Хадамоти назорат ва танзими нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Ф.Каримов ва сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе С. Турахонов аз мансаби хизматӣ сабукдӯш гардонда шаванд.

Аммо бо назардошти баррасии тамоми самтҳои фаъолият ва хулосабарории амиқ бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А.Шералиев ва муовини Раиси шаҳри Душанбе А.Оев танбеҳ эълон намуда, нисбати татбиқи муҷозоти интизомӣ-танбеҳ ба сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе С.Турахонов ва и.в сардори Раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ф.Каримов ба мақомоти дахлдори болоӣ пешниҳод ирсол карда, ҳамзамон ба онҳо то 1 декабри соли 2012 имконияти охирин дода шавад, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ  андешанд. Дар сурати ноӯҳдабароӣ ҷиҳати  ислоҳи камбудиҳо дар  мӯҳлати муқарраргардида аз вазифа сабукдӯш хоҳанд шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҳамчунин аз фаъолияти сусти раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо С.Сафиалоев ва аъзоёни комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати нақлиёти мусофиркашони шаҳр  изҳори нигаронӣ карда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба куллан дигаргун сохтани вазъи хизмарасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе  ҷалб сохт. Ҳамзамон аз Прокуратураи шаҳр  хоҳиш ба амал овард, ки дар мӯҳлати муқарраршуда назоратро аз болои хизматрасонии соҳаи нақлиётӣ дар шаҳр дар доираи талаботи қонунгузорӣ пурзӯр намояд.