Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 March 2010

Шаҳрдории Душанбе барои сазовор истиқбол намудани Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад омодагиҳои ҳамаҷониба мебинад.  Таври анъанавӣ Рӯзи пойтахт барои кулли сокинон аз ҷониби шаҳрдорӣ рӯзи меҳнати созанда  ба рушду ободонии Душанбешаҳр муқаррар гардидааст. Дар ин рӯз тамоми озмунҳои касбии дар тӯли сол эълондоштаи шаҳрдорӣ ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофтотҳо тақдим мегардад.

Соли ҷорӣ дар идомаи иқдомоти пешин ба ифтихори ин санаи муборак 17 апрел, соати 10-00 баргузории нахустин ниммарфони байналмилалии Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки оид ба иҷрои амали мазкур қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.

Чорабинии мазкур бо иштироки марафонистони бародаршаҳрҳои Душанбе, ки то имрӯз бо 14 шаҳрҳои бузург аз кишварҳои мухталифи манотиқи ҷаҳон паймони бародаршаҳрӣ дорад ва дигар шаҳрҳои робитаҳои дӯстонадоштаи Федератсияи Россия ва кишварҳои ҳамҷавор доир карда мешаванд.

Масъули баргузории ниммарафони байналмилалӣ Раёсати ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии шаҳри Душанбе мебошад, ки тибқи Қарори шаҳрдорӣ муваззаф гардидааст  то 20 марти соли ҷорӣ тартиби баргузорӣ ва хатти дави мусобиқаи мазкурро таҳия намояд.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе