Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 October 2012

   

Қарори раиси шаҲри Душанбе  № 659 аз 25.10 соли 2012

                

         Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

           ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

         Душанбе даъвати чорум

         

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

          1.Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси   вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 15  ноябри соли 2012  соати  800 дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  даъват карда шавад.

          2.Ба рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

          2.1.Ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои  шаҳр ва Комиссияҳои доимии Маxлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба рафти  иҷрои  Қарори  Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар даҳ моҳи  соли 2012.    

2.2.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №16 Сафиев Ҳ. оид ба иҷрои ваколатҳои худ.     

2.3.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар  ҳавзаҳои  интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро  ба  гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум манзур намоянд. 

 

5.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия   баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур намояд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                            М.УБАЙДУЛЛОЕВ