«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 October 2012

29 oктябри соли 2012 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва ширкатҳову кооперативҳои соҳибмулкони манзил баргузор гардид.

         Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз вазифаҳои 17 сентябри соли равон дар назди аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарони сохторҳои марбута оид ба тақвияти чораҳо нисбати омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронии пешорӯ гузошташуда,  аз ҳолати омодагиҳо ва ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Душанбе №85-9 аз 19 апрели соли 2012 «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» тасдиқгардида аз ҷониби сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар марзи шаҳр  фаъолияткунанда, гузоришҳои муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Прокурори шаҳри Душанбе Қ. Ғаниев ва роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо аз натиҷаи  санҷиши анҷомгирифта дар таносуби  сохторҳои масъул ва ҳар кадом субъектҳои хизматрасони шаҳриву ноҳиявиро ба риштаи таҳлил  кашид. 

Зимни хулосагирӣ аз натиҷаи гузоришҳо, ки иҷрои мусбии нишондодҳои нақшавиро аз ҷониби масъулин собит месохтанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки ҳоло ҳам то фарорасии фасли сармо имконият ҷой дорад, ки нуқсонҳои мавҷуда комилан бартараф ва сифати корҳои омодагириҳо таври хоста таъмин карда шаванд ва бо ин мақсад бо таъкиди ҳар кадоме, ба кулли роҳбарони сохторҳо барои андешидани тадбирҳои иловагӣ то 15 ноябри соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд.

Ҳамзамон зикр сохт, ки бо инобат ва хулоса аз мавсими зимистонгузаронии соли гузашта бояд ҳар сокини шаҳр ва роҳбари субъекти хоҷагидорӣ бештар дар ин маърака ҳиссагузор ва фаъолтар бошанд. Комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ҷараёни идомабахшии фаъолиятро пеш аз ҳама дар бахшҳои фарогири соҳаи иҷтимоӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Инчунин афзуд, ки танҳо вакт ва зимистони пешоянд метавонад довар ва баҳогузори корҳои анҷомгирифта бошад.

Бо дахли масоили мухталифи ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти муштариён бо оби нӯшокӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳхою пиёдагардҳо, ҳолати санитариву экологии шаҳр, риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинонро мавриди баррасӣ қарор дода, дастур фармуд, ки баҳри назорати дақиқ ва пешбурди мониторинги иҷрои корҳои омодагӣ ба таҷлили 90-солагии мақоми пойтахти ҷумҳуриро доро гардидани шаҳри Душанбе комиссияи бонуфузи ҷамъиятии доимоамалкунанда созмон дода шавад.