Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 November 2012

7 ноябри соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрўз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, баҳри амалисозии он ширкати олмонии  CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH  мушовир интихоб гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки дар марҳилаи дуюми Лоиҳа тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида - ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шаванд.

Дар ин росто, масъалаи бо ҷалби маблағҳои иловагии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариёни  КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181000-ро ташкил медиҳанд,  мувофиқ ба мақсад мебошад.

Ҳамзамон, бобати бар абас нарафтани тадбирҳои амалишаванда, зикр намуд Раиси шаҳр, тарафҳоро зарур аст, ки ҳарчӣ  тезтар нисбати ташкили системаи ҳавасмандгардонии кормандони КВД «Обу корези Душанбе» дар доираи роҳандозии  фаъолияти ташаббускорона оид ба тақвият бахшидани заминаҳои молиявӣ чораҳои мушаххас таври ногузир андешида, барои бозмўзии мутахассисон дар заминаи Лоиҳа шароитҳо муҳайё намоянд.

Инчунин бо инобати ҳамчун мол арзиши хос доштани оби истеҳсолшавандаи нўшокӣ дар бозори хизматрасонӣ - дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» истеҳсолшаванда, дастур фармуд, ки таъҷилан корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён тавассути ВАО ва институтҳои сохторию шаҳрвандӣ ҷоннок карда шаванд.

Дар робита ба ташкили назорати ҷамъиятӣ ва бардоштҳои воқеӣ аз ҷараён ва натиҷаи татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид сохт, ки бо пешниҳоди саволномаҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузории тадқиқоти сотсиологиро миёни сокинони шаҳр роҳандозӣ намоянд.

Бо дарназардошти он, ки  ин тадбирҳои иловагӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи сокинони шаҳр бо оби ошомиданию дигар хизматрасониҳо дар соҳаи обтаъминкунию корезӣ нигаронида шудаанд, аз масъулини Бонки Умумиҷаҳонӣ хоҳиш ба миён овард, ки масъалаҳои зикргардидаро мавриди пажўҳиш қарор дода, баҳри амалисозии онҳо пешниҳодоташонро ирсол намоянд.