«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 November 2012

15 ноябри соли 2012 дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои хизматрасонию соҳибкорӣ, Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

-Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли   2011   «Дар  бораи  «Ҳисоботи   Раиси  шаҳри  Душанбе  М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар даҳ моҳи соли 2012;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №16 Сафиев Ҳ. оид ба иҷрои ваколатҳои худ:

- Дар бораи таъсиси Комиссия оид ба номгузорӣ ва азнавномгузории кӯча, гулгашт, хиёбон, майдонҳо, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои  таълимии шаҳри Душанбе;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Умаров Султон;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Осимӣ Муҳаммад;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Ҳикмат Ризо;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи композитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Абдуллоев Хайрулло;

         - Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи композитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Дӯстмуҳаммадов Дамир;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи композитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Одинаев Фаттоҳ;

- Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Соатов Исомиддин.

        - Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе. шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия қабл аз ҳама тибқи масъалаи аввали рӯзнома, ки бо дарназардошти мубрамият соли равон маротибаи дуюм он дар сатҳи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор мегирад, бо ба инобат гирифтани ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки новобаста аз таъмин гардидани нишондиҳандаҳои барномавӣ дар 10 моҳи соли 2012 фаъолияти анҷомгирифта то ҳанӯз ҷавобгӯи талабот ва ниёзҳои шаҳрдорӣ нест ва ҳар як вакил ва роҳбарони соҳаву субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкориро зарур аст, ки  дар ин самт бо ташаббус фаъолияташонро пурзӯр намоянд.

Зикр гардид, ки ҷараёни татбиқи Барномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ   дар шаҳри Душанбе   оид ба самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии  шаҳри Душанбе дар фазои идомаи ташаббусҳои созанда ва  масъулияти шаҳрвандӣ дар соли 2012, ки фарогири бахшҳои  рушди муносибатҳои молиявию иқтисодӣ, саноат, дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, комплекси сохтмон ва ободонии шаҳр, сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳим, нақлиёт, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат, муҳоҷират ва проблемаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, кафолати иҷтимоӣ ва дастгирии шахсони камбизоат, нигаҳдории тандурустӣ, маориф, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонию варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг ва беҳдошти вазъи экологии шаҳри Душанбе мебошад, минбаъд зери назорати доимии комиссияҳои марбутаи депутатӣ қарор гирифта, барои вусъати корҳо дар соҳаҳои иртиботдошта, дар асоси таҳлил ва пешбинии дурнамо барномаи фаъолият барои соли 2013 мавриди баррасӣ ва ба иҷлосияи навбатӣ пешниҳод карда шавад.

Дар иртибот ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни таҳияву насби шиору овезаҳои таблиғотӣ дар шаҳр аз ҷониби кулли шахсони воқеиву ҳуқуқӣ Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор  намуд, ки дар радифи тадбирҳои  андешидаи шаҳрдорӣ - то 1 январи соли 2013 бартараф кардани нуқсонҳои мавҷуда, масъалаи мазкур дар таносуби ноҳияҳо оид ба мусоидат ва ташкили низоми босуботи назорати ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои И.Сомонӣ ба зиммаи Абдулҳамид Самадов, Сино- Меҳмон Бахтӣ, Шоҳмансур – Камол Насрулло ва Фирдавсӣ- Гулназар Келдӣ  вобаста карда шавад.

Дар робита ба ҳолати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии соҳибкорӣ оид ба рушди соҳаи саноат дар шаҳр масъалагузориҳои амиқ сурат гирифта, аз ҷумла нисбати бозомӯзии мутахассисони Раёсати тандурустии шаҳр аз рӯи тахассусҳои зарурӣ дар клиникаҳои кишварҳои мутараққӣ баҳри баровардагии ниёзҳои табобатии беморон қарор гардид, ки зимни таҳияи буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013 сарчашмаҳои маблағгузорӣ пешбинӣ карда шаванд.

Ҳазамон ҷиҳати дастгирии соҳибкории истеҳсолии ватанӣ қарор гашт, ки минбаъд дар марзи шаҳри Душанбе фармоишҳои пешбинигардидаи давлатӣ дар муассисаҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағузоришаванда дар заминаи корхонаҳои саноатии шаҳр амалӣ карда шаванд.

Дар иҷлосия бо максади батанзимдарории тартиби абадӣ гардонидани хотираи арбобони  давлатӣ,  ҷамъиятию  сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва сокинони шаҳри Душанбе, ки дар раванди бунёдкорию созандагӣ, ободонию пешрафти соҳаҳои хоҷагидорию хизматрасонӣ, соҳибкорию дар амал татбиқ намудани дастовардҳои  пешрафтаю муосири ватанию умумиҷаҳонӣ, ҳифзи ҳаёт  ва ҳуқуқи инсон, фаъолияти хайриявӣ, дар назди халқу ватан хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда гузоштаанд, Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Низомнома оид ба номгузорӣ ва азнавномгузории кӯча, гулгашт, хиёбон, майдонҳо муассисаҳои  таълимӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуд, ки матни комили он дар воситаҳои ахбори омма интишор хоҳад шуд.

Тибқи сандаи мазкур минбаъд дар шаҳри Душанбе омӯзишу омодасозии ҳуҷҷатҳо  вобаста ба номгузорӣ ва азнавномгузории кӯча, гулгашт, хиёбон, майдонҳо, муассисаҳои таълимӣ, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссия бо дарназардошти хулосаҳо аз натиҷаи назарсанҷиҳои афкори омма, ки тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дастрас мегарданд, ба роҳ монда мешавад.

Дар иҷлосия мутобиқи Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Интернатсионалнаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи ходими намоёни давлатӣ, Раиси Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, кӯчаи Баумани ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Султон Умаров, кӯчаи Проектнаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи  Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, кӯчаи Железняки ноҳияи Сино ба номи Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Ҳикмат Ризо, кӯчаи Ватутини  ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев, кӯчаи Сеченови ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Дамир Дӯстмуҳаммадов, кӯчаи Фурманови  ноҳияи Шоҳмансур ба номи  Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Фаттоҳ Одинаев ва кӯчаи Шӯраксойи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Исомиддин Соатов номгузорӣ карда шуданд.

Бо баррасии тамоми масъалаҳо ва қабули қарорҳои дахлдор нисбати  ҳар кадоме  иҷлосияи  ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум ба кор худ анҷом бахшид.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев тамоми вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сокинони шаҳрро  ба муносибати 20- солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   самимона табрик намуда, аз ҳамагон даъват  ба миён овард, ки дар ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории навинамон потенсиали созандаашонро беш аз ҳарвақта сафарбар созанд.