Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 November 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 716  аз 13.11.2012

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

 маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе оид ба

таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

 

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.      Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.), Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёни чорабиниҳоро таъмин созанд.

4.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.   гузошта шавад.

                                     

                                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ