Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 November 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №   721   аз    20 ноябри   соли 2012

Дар бораи муваққатан қатъ намудани

интиқоли оби нӯшокӣ дар шоҳқубури №5

Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ» 

 

         Бо мақсади иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қубури гармитаъминкунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, бо дарназардошти муроҷиати  Ширкати  саҳомии  холдингии   кушодаи  «Барқи Тоҷик» № 47-328 аз 14 ноябри соли 2012, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар шоҳқубури №5 Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ» тасдиқ карда шавад.
  2. Муқаррар карда шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди:

- ноҳияи И.Сомонӣ: кӯчаҳои Шевченко, Шероз, Абдулло Командир, Бухоро (хонаҳои 1-28) ва Ҳ.Назаров аз соати 2200 рӯзи 22 ноябри соли 2012 то соати 1000 рӯзи 23 ноябри соли 2012 қатъ карда мешавад.

  1. Аз сокинони кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои 12-соат захира намоянд.
  2. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ. ва Корхонаи  воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Исупов Ф.А.) бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони кӯчаҳои номбурдаро дар ҳолатҳои зарурӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. 
  3. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) ҷараёни иҷрои корҳо ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.
  4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

 

  М. Убайдуллоев