Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 November 2012

22 ноябри соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фарсона ҷаноби Дидйе Леруаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо дар соҳаҳои гуногун бо   фаъолияти Сафир минбаъд низ рушд хоҳанд кард.

Дар ин ҷараён масоили сохтмони бинои нави Сафоратхонаи Фаронса дар шаҳри Душанбе ва  ҷалбу тавсеаи фаъолияти ширкатҳои фаронсавӣ дар барномаҳои инвеститсионӣ, лоиҳаҳои ба рушди инфрасохтории шаҳр нигаронидашуда ва ташкили корхонаҳои хурди муштараки саноатӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд.

Бо ин мақсад ба тафоҳум расида шуд, ки ширкатҳои фаронсавӣ минбаъд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи шаҳрдорӣ дар тендерҳои кушоди байналхалқии аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе эълоншаванда ширкат хоҳад намуд. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо хулоса гардид, ки ояндаи наздик форуми соҳибкорони Фаронса ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо дар радифи масъалаҳои матраҳшуда, инчунин бобати тақвияти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳори назар намуда, таъкид сохтанд, ки тибқи тартиби маъмулӣ масъалаи бастани паймони бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Парижро баррасӣ менамоянд.  

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.