Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 March 2010

15 марти соли 2010 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони тозаинтихоб  намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия тибқи рӯзнома  вакилон гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот ба Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҳусноро Мирзоеваро  дар бораи натиҷаи интихоботи Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида, ваколати аз 70  нафар 69 вакилони  тозаинтихоби Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо тасдиқ намуданд.

Бинобар сабаби вакили интихобшуда аз ҳавзаи интихоботии №43 Бобокалонов Раҳмат бо Фармони марбутаи  Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудан,  ваколати ӯро  қатъ намуда, зикр гардид, ки тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои   маҳаллии вакилони халқ» дар ҷои вакили хориҷшуда интихоботи нав дар санаи   20 июни соли 2010 баргузор карда хоҳад шуд.

Сипас, вакилон тибқи рӯзнома, аз ҷумла Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Низомнома «Дар бораи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе», интихоби раис ва аъзои онҳоро  бо инобати дархосту пешниҳодоти вакилон тасдиқ намуданд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум дар радифи масъалаҳои ташкилии худ, тибқи салоҳият Муроҷиатнома оид ба сафарбарсозии тамоми нерӯи созандаи худ ва ҷамоатчигӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ, ки баҳри фароҳам овардани шароити зиндагӣ ва инкишофи озодонаи сокинон нигаронида шудааст ба кулли душанбегиён қабул намуда, қарори дахлдорро ба ифтихори ҷашни 65-солагии Ѓалаба бо таъкиди анҷоми ѓамхориҳои пайваста барои дастгирии иҷтимоии иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ–и солҳои 1941-1945 ба тасвиб расониданд, ки мутобиқи пешниҳоди шаҳрдорӣ кӯмакпулиҳои ҷорӣ барои маросими дафни ин категорияҳои ҷомеаи пойтахт аз 1001 сомонӣ ба 1500 сомонӣ зиёд карда шуд.

Ҳамзамон идрорпулиҳои амалкунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои донишҷӯён ва роҳбарони синфҳои мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт аз 60 сомонӣ ба 120 сомонӣ тасдиқ гардид.

Бо Қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  дар иҷлосия бо пешниҳоди роҳбарияти шаҳр солҳои 2010-2015 панҷсолаи  рушди инфраструктуравии пойтахт ва дигаргунсозиҳои куллӣ дар соҳаи манзилию коммуналӣ эълон гардида, бо мақсади ташкили фаъолияти аҳли ҷамоатчигӣ дар фазои татбиқи потенсиали бунёдкорона «Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ» то соли 2015 тамдид карда шуд.

 Инчунин вакилони халқ тибқи рӯзномаи иҷлосия оид ба пешниҳоди номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  номзадии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд.

 

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе