Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 December 2012

Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 737  аз 03.12.2012

 

Дар бораи гузаронидани машқҳои ҳарбӣ   

бахшида ба таҷлили 20 - солагии таъсисёбии

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

       Муроҷиати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 3-270 аз 1 декабри соли 2012 оид ба додани иҷозат барои гузаронидани машқҳои хизматчиёни харбӣ - иштироккунандагони паради харбӣ бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ намуда, мутобиқи модаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз 3 декабри соли 2012 то 23 феврали соли 2013 ҳамарӯза аз соати 1500 то 1800  дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар ҳудуди аз гардиши  кӯчаи С.Носиров то чорроҳаи  хиёбони Ҳ. Шерозӣ-кӯчаи Карамов)  гузаронидани машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ - иштироккунандагони паради ҳарбӣ бахшида ба  20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад.

2. Аз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои гузаронидани машқҳо интизоми баланди ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳолати санитарию эпидемиологиро дар маҳалли баргузории машқҳо ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо таъмин намояд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе ҳаракати пиёдагардон ва воситаҳои нақлиётро дар қитъаи роҳҳое, ки дар  банди 1 Қарори мазкур пешбинӣ шудааст, қатъиян мувофиқи вақти муқарраргардида маҳдуд ва тағйир дода, чораҳои иловагиро ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон ва иштирокчиёни машқҳои ҳарбӣ дар рӯзҳои баргузории машқҳо таҳия ва амалӣ намоянд.

4. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси моҳияти Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.


                                                                     М.УБАЙДУЛЛОЕВ