Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 December 2012

3 декабри соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ зери садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки бо иштироки муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо сурат гирифт,  шаҳрдор масъалаҳои рӯзмараро ба риштаи таҳлил кашида, ҷиҳати ташкили дурусту ҳадафраси низоми хоҷагидорӣ, ки фарогири доираи масъулияту салоҳияти  иштирокдорон аст, дастурҳои мушаххас дод.

Қабл аз ҳама, бо дарназардошти оғоз гардидани мавсими зимистонгузаронӣ ва мусоид омадани боду ҳаво, зикр сохт, ки раисони ноҳияҳо бори дигар ҳолати техникию омодабошии техникаҳои коммуналиро бобати дар рӯзҳои барфӣ саривақт тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо ва пиёдароҳҳо аз назар гузаронида, дар иртибот ба ҳамарӯза баровардани партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар ин росто таъкид намуд, ки шахтаҳои хизматрасонии партовии биноҳои баландошёна дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр оид ба ҳолати истифода шуданашон мавриди санҷиш  қарор дода шавад ва дар сурати худсарона аз ҷониби соҳибмулкон – истифодабарандагони шахтаҳои партовии биноҳои баландошёна, тағйир додани таъиноташон ҷиҳати рафъи ҳолати мавҷуда чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

         Ҳамзамон дар ҷаласа оид ба ҳолати истифодабарӣ ва ҷараёни таъмири ҷории роҳҳову пиёдаргардҳо аз ҷониби раисони ноҳияи шаҳр масъалагузорӣ шуд.

Инчунин бо мақсади мусоидат ба ҳаракати бемайлони  нақлиёти ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз танбашавӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти хусусии дар роҳҳои сайри нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ба хизматрасонии таксӣ тибқи талаботҳои қонунгузорӣ машғулиятдошта, ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки бо истифода аз таҷрибаи  шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои мамолики мутараққӣ, ки ин тадбир нек амалӣ мешавад, нисбати роҳандозии пулакии истифодаи муваққатии таваққуфгоҳҳои сарироҳӣ (паркинг)  мувофиқ ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо таҳияи Низомномаи амалкарди мазкур Қарори дахлдори  Раиси шаҳри Душанберо пешниҳод намоянд.