Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 December 2012

Қарори  раиси шаҲри Душанбе № 738 аз 3.12. 2012

                

         Дар    бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

         дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

         Душанбе даъвати чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

          1. Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси   вакилони  халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум  20  декабри  соли 2012  соати  800 дар  толори  Муассисаи давлатии «Душанбе  Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

          2.Ба рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

          2.1.Ҳисоботи  Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011».

2.2.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои  иҷлосияи  дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум ирсол намоянд.

5.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия   баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур намояд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                            

                                                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ 

           

Гурӯҳи корӣ

 оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи дувоздаҳуми   

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум

1. Рауфӣ А. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе оид  ба буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иқтисодию  иҷтимоӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ;                   

 

Аъзо:

 
2. Абдурасулов А.- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ; 

3. Алимаҳмедова Н. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба  масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ;

4.Каримова М.Х. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак.

5. Сатторӣ И. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,  санитарӣ ва байторӣ;

6.Сафиалоев С.Ғ. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба  масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо;

7.Самадов А. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ;

8. Ҳабибов А.Ҳ. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси   вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оиди мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст  кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди соҳибкорӣ;

9.Шарипова Г.Х.  - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва мубориза бар зидди  коррупсия;

10.Шарифов З.Р. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба  масъалаҳои илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг;

11.Шарипов С. - раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба масъалаҳои саноат ва энергетика;

12.Назаров Б.М. - муовини Раиси шаҳри Душанбе;

13.Улмасов Ф.У.- роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.