Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 December 2012

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи С.Айни-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айни то майдони Ғалаба)»

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи С.Айни-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айни то майдони Ғалаба)», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.                  Дар роҳи автомобилгарди иншооти «Азнавсозии кӯчаи С.Айни-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айни то майдони Ғалаба)» то 30 августи соли 2013 ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шавад.

2.                 Дар робита бо муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.), шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Турахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Каримов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро, ки аз иншооти «Азнавсозии кӯчаи С.Айни-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айни то майдони Ғалаба)» мегузаранд, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар таѓйирот ворид намоянд.

3.                 Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

4.                 Роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, бобати ҳалли мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

5.                 Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.                 Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ