Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 December 2012

(посух ба матлаби О. Тутубалина «Aзиа-Плюс» № 88 (775), саҳ. А4, аз 22.11.2012)

                                                                                                               

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе ба нашрияи «Aзиa-Плюс» ва кормандони он барои таваҷҷӯҳашон баҳри масъалаҳои беҳбудӣ бахшидан ба хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, ташаккули маърифати шаҳрнишинӣ, сохтмону ободонӣ ва дигар мушкилоти ҷомеа сипосгузор буда, ҳамеша ҷонибдори танқиду эродҳои асоснок, воқеӣ ва манфиатбахш мебошад. Вале нисбати матлабҳои ғаразнок, беасос ва аз ҳақиқат дур бе тараф буда наметавонад. Нигоштаи Ольга Тутубалина   аз ҷумлаи чунин матлабҳост.Зеро Арастуи оқил  фармудааст: «Ту дӯсти манӣ, вале ҳақиқат аз ту болост».

Барои чӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба сифати даъвогар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба суд додаст, ҷавоби ин саволро  аз аризаи даъвогӣ ёфтан мумкин аст (ин ҷо шарҳу эзоҳро лозим намедонем) ва парванда чӣ гуна ҳаллу фасл  мегардад, салоҳияти суд аст, на каси дигар. (Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст (моддаи 87, Конститутсияи ҶТ).

Магар муаллиф Ольга Тутубалина  адвокати Кабирист, ки пеш аз мурофиаи судӣ ба ҳимояи эшон бархостааст?! Ё пеш аз тӯй нағора задан барои ҳушдори судя қабл аз мурофиа мебошад?

Барои чӣ амалҳои созандаю ободкории шабонарӯзии шаҳрдорӣ аз назари муаллиф вайронкорию харобкорӣ менамоянд? Посухи ин суолро ба виҷдонаш ҳавола менамоем!

Мавриди зикр мебошад, ки аз қабули Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо  Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 382 аз 30 декабри соли 1983 тасдиқ гардидааст ва амали он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 31 январи соли 2006  то тасдиқи тасҳеҳи Нақшаи генералӣ тамдид карда шудааст, ба наздикӣ 30 сол мегузарад ва шаҳрдорӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда татбиқи онро пай дар пай амалӣ менамояд. Аммо чаро эъмори иншооти пешбинигардида, сохтмони  роҳҳо, бунёди боғу гулгашту  хиёбонҳо, ки маҳз дар доираи ҳамин Нақшаи генералӣ амалӣ мегарданд, дар назарашон вайронкорию харобсозӣ менамояд, гарчанде назарсанҷии тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 301-1 аз 17 июни соли 2011 «Дар бораи омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва фарҳангии сокинони шаҳри Душанбе» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳафтранг» анҷомдода, собит месозад, ки 76%-и пурсишшудагон аз сиёсати шаҳрсозӣ дар пойтахт дастгирӣ намуда, 14% норозӣ ва 10%-шон бетараф мебошанд. Қабули ин воқеиятро низ ба  инсофу виҷдони муаллиф вомегузорем!

Ольга Тутубалина аз сомонаашон чунин иқтибос овардааст: «А что это не согласна мэрия? Люди что, все ослепли? Вырубают все и сажают эти страшные елки. Их недавно обстригли, так они уже сохнут, не прижились. Интересно, сколько наших налоговых денег на все это тратится?»

Аммо нагуфтааст, ки дар куҷо, кадом кӯча ва чанд ниҳол ё арча. Суханҳои умумӣ, гарчанде ниҳолҳо низ чун мавҷудоти зинда ба нигоҳубину коркарди санитарӣ, мисле, ки хонум вобаста аз завқашон аз хизмати машшотаҳо истифода мекунанд, ниёз доранд!    

Мутобиқи қисмати «Кабудизоркунӣ»-и Нақшаи генералии шаҳр айни замон кабудизоркунӣ аз рӯи Барномаи ободонию кабудизоркунии пойтахт, ки маҳсули заҳмати дастаҷамъонаи олимони соҳа: академик Каримов Х.Ҳ- ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоев Х.А.- академик, котиби илмии Шӯъбаи биологӣ-тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳисориев Х.Х.- доктори илмҳои биологӣ, директории Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холов А.- номзади илмҳои биологӣ, собиқ директори Боғи ботаникӣ, на хостаҳои касе мебошад, амалӣ шудааст ва шаҳри мо хоҳед, нахоҳед,  дар миқёси шаҳрҳои Осиёи Марказӣ  аз ҳама сабзпӯшу гулпӯш  ва боғшаҳри ҳақиқӣ эътироф шудааст.

Аз ин лиҳоз як нуктаро барои аз рушди экологии шаҳр дар хавос намондани Тутубалина ва дигар пайравонаш мерасонем, ки тибқи СНиП-II-60-75 ва ГОСТ15.5.3.0178 ҳифзи муҳити зист барои шаҳрҳои нуфузашон аз 500 ҳазор зиёд майдони дарахту буттазораш на бояд аз масоҳати умумӣ 15 фоиз кам бошад. Дар шаҳри мо  чунин майдон аз масоҳати умумӣ беш аз 22 фоиз, ё худ зиёда аз 2760 га-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон тазаккур бояд дод, ки хулосаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №1015 аз 27 ноябри соли 2012 алайҳи андешаҳои пойдарҳаво ва дар асоси ғаразҳои шахсию фармуда иброзкардаи хонум Тутубалина собит месозад, ки татбиқи барномаҳои экологӣ дар марзи шаҳри Душанбе  мусбӣ ҷараён доранд!

Назарсанҷии зикргардида шаҳодат медиҳад, ки аксарияти пурсишшудагон (80%) аз корҳои ободонию кабудизоркунии шаҳри Душанбе қонеъ будани худро иброз дошта, 10% қонеъ набудани худро нишон дода,  10% посух надодаанд.

Танҳо кӯрдилон манзараҳои гулгашту боғҳо ва майдонҳои кабудизоршудаи шаҳрро дар кӯчаву хиёбонҳои он, ки қариб 130 намуд ниҳолу буттаҳои ороишию зиннатбахш ва сояафкан  нашъунамо доранд, дида наметавонанд.

Ба чӣ хотир бошад  аз назарҳои бемуаллиф ё  шояд «адвокат» Ольга Тутубалина мисол меорад: «город изуродовали этими страшными зданиями и вырубкой деревьев, и еще в суд подают. Обнаглели!»

Аҷиб, хонум Тутубалина чӣ мақсад дорад ва аз ба суд додани Кабирӣ чӣ ин қадар дар  ташвиш афтодааст?!  Ҳол он ки дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ин як амали муқаррарист ва баҳсҳои шаҳрвандиро мақомоти судӣ  ҳаллу фасл менамоянд, на ҳангомаҳои ин хонум. Дигар ин, ки хонум дониста бошад(!), ки сохтмон дар шаҳр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва лоиҳаҳои аз тарафи Шӯрои шаҳрсозии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба мувофиқа расида, ки дар ҳайати худ меъморони касбиро сарҷамъ кардааст, амалӣ мешавад! Муаллифро тавсия медиҳем, ки минбаъд аввал худро эҳтиром кунад, фаромӯш насозад, ки истифодаи минбари рӯзнома барои ғаразҳои нопоки шахсӣ, ки афкори оммаро махлут менамояд дар назди қонун посух талаб мекунанд.

            Хандаовар аст, ки «адвокат» Тутубалина  бо иқтибоси овардааш, ки шояд муаллифаш низ худаш бошад, таъмири асосии кӯчаи Бохтар ва баъди таъмир васеъ нашудани он  дар таассуф аст.

Таассуфовар аст, ки Тутубалина дарахтони буридаро мебинад, аммо он заҳмати сангинеро, ки роҳсозон ҳангоми кандани дарахтони пиру каҷи чинори кӯчаи Бохтар, ки решаи онҳо  қубурҳои ирригатсионӣ ва хатҳои обгузари (канализатсияро) таги заминро халалдор кардаанд, пайроҳа, хатҳои барқу алоқаро хароб кардаанд,  намебинад. Оё дар се баст  меҳнат кардану роҳ сохтани роҳсозонро  надидану қадр накардан   аз рӯи инсофу ҳақиқат  аст?!

Ё худ агар жарфтар гӯем, лоиҳаҳои сохтмонии аз ҷониби ширкатҳои ба пайвандони оилавии Кабирӣ рабтдошта, ки дар бозори сохтмонии шаҳр чанд сол аст муваффақона чун фармоишгар ё худ  пудрадчӣ фаъолият доранд ва  баҳри татбиқашон бо зарурати бунёди иншоот тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр бартарафсозии даҳҳо дарахтон амалӣ шудааст, аз мадди назари мубораки муаллиф чаро дур мондаанд? Бубахшед, каҷ нишаста, рост гуфтанро фаромӯш насозед!

Ба хонум гуфтанием, ки «кори ҳар буз нест хирман кӯфтан!». Оне ки аз доираи касбатон берун аст, агар маълумот надоред, хубаш пеш аз коғази сафедро сиёҳ кардан, пурсед. Таҷдиду азнавсозии роҳҳо низ дар шаҳр тибқи лоиҳаҳои аз экспертизаи экологӣ ва дигар интститутҳои дахлдори соҳавӣ гузашта амалӣ карда мешаванд. Дигар чӣ ҷойи шарҳ. Ба чашми нобино сурма кора нахоҳад кард!

Ольга Тутубалина гила дорад, ки «Сегодня, чтобы добиться какого-то внятного ответа от мэрии, нужно - не преувеличиваю - как минимум в течение 4-5 дней обивать ваши пороги. Ваш пресс-секретарь не отвечает на звонки неделями! А без его распоряжения ни одно управление не хочет общаться со СМИ. Он вообще работает? Вы вообще работаете?»

Тӯҳмат ҳам ҳадду ҳудуд доштагист! Ҳақиқат ва шаффофияти фаъолияти шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи он ҳарчанд ба чашми тирабини муаллиф намудор нест ва мехоҳад бо хулосаи беасоси худ воқеиятро таҳрифу офтобро доғдор созад, ҳар корафтодаи шаҳрдориро маълум аст. Муаллифро писанд набошад ҳам дастрасӣ ба иттилоот ин ҷо мушкилие надорад! Гар «мушкилие» эҳсос карда бошад, ин мушкилии худи ӯст! Зеро низоми мавҷуда кайҳост, ки эҳтиёҷоти ҷомеаи журналистиро муваффақона қонеъ месозад, чунки ҳанӯз 19 ноябри соли 2004 Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj фаъол карда шуд. Илова бар он ҳар журналисти худро эҳтиромдошта метавонад тавассути почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com ё худ Фейсбук савол ва дархосташро унвонии шаҳрдорӣ ирсол дошта, посух гирад.   Агар мушкиле ба дастрасии хизматрасониҳои коммуналӣ дошта бошад сомонаи www.mometavonem.tj дар хизмат аст! Воқеан, ба муаллиф расониданием, ки шаҳрдорӣ дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва салоҳияту ваколатҳои муқаррарнамудаи он фаъолият мекунад.

Ба Олга-хонум ва ҳалқаи дӯстонашон хоксорӣ набошад ҳам расониданием, ки кори моро вақт ва рушду ободии ҳамарӯзаи шаҳр, некӯаҳволию суботи сокинон ва тавсеаёбии институтҳои шаҳрвандияш собит месозанд. Нохоста аз дили пуркинаи шумо танҳо зикри як нукта ҷоиз аст, ки дар натиҷаи фаъолияти мо  ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии минтақавии шаҳр  аз 400,8 млн. сомонии соли 2000-ум дар соли 2011 ба 6 млрду 298,7 млн. сомонӣ, ки 15 маротиба зиёд мебошад, расонида шуд.

Азхудкунии сармояи асосӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ аз 9,7 млн.сомонии соли 2000-ум ба 1,4 млрд. сомонӣ дар соли 2011 ва ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ мутаносибан аз 4,9 ба 799,1 млн. сомонӣ баробар гардид. Дар соли 2011-ум 104,6 ҳазор м2 манзил ба истифода дода шудааст, ки нисбати 18,9 ҳазор м2 –и соли 2000-ум 5,5 маротиба зиёд мебошад. Солҳои 2000- 2011 дар шаҳр 196271 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Музди миёнаи меҳнат дар шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри соли 2012-ум 1138,13 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди миёна дар кишвар 598,45 сомонӣ - 1,9 маротиба зиёд мебошад.

Хонуми зебо, агар соли 2000-ум воридот аз рӯи контингенти умумии даромадҳо ба буҷети  шаҳри Душанбе - 46,8 млн.сомониро ташкил дода бошад, аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳри Душанбе 57,5 фоиз ё худ - 26,9 млн.сомонӣ (14,7 млн.доллари амрикоӣ) ворид гардид, чунки 42,5 дарсади маблағҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардиданд, ин нишондиҳанда дар соли 2011 бо назардошти андози иҷтимоӣ беш аз 1,3 млрд.сомонӣ (284,4 млн.доллари амрикоӣ)-ро ташкил дод, ки мутаносибан 19,3 маротиба назар ба соли 2000-ум зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки оғоз аз соли 2011 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 30 фоизи маблағҳо аз ҳисоби контингенти умумии даромадҳо аз шаҳри Душанбе ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мегарданд.

Душанбе бо субот ва шароитҳои фароҳамовардаи хеш тавонист пеши роҳи кӯчбандии сокинонашро гирад ва агар нуфузи аҳолии он дар соли 1991 584,5 ҳазор, соли 2000-ум ба 561,2 ҳазор, яъне беш аз 23 ҳазор нафар коҳиш ёфта бошад, ба ҳолати 1 октябри соли 2012  ба 753,5 ҳазор нафар расидааст. 

Гузашта аз ин, агар боз муфассал маълумот доштан хоҳад, нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар таносуби солҳои 1990 ва нимсолаи аввали-2012 дар Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj ҷой дода шудаанд. Илова бар он барои дастрасии сокинон нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе ҳар семоҳа дар нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ -  «Паёми Душанбе» нашр карда мешаванд. Дигар мисол овардан нашояд. Зеро нотавонбинро воқеият писанд нест, аммо ин мушкили худи ӯст!

Нисбати афзудааш, ки «нам не нравятся (!) ваши елки. Этот город принадлежит городским жителям, а мы хотим жить в таком городе, в котором хотим мы! Понимаете?», гуфтанием, ки «Аёз ҳадди худро шинос!». Кӣ ба хонум ҳуқуқ медиҳад, ки аз номи сокинони шаҳр сухан гӯяд, боз бо чунин лаҳн! Дониста бошад, ки қонунгузорӣ ин ҳуқуқ ва салоҳиятро танҳо ба Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳри Душанбе додааст.

 Агар воқеан дӯстдори шаҳр мебуд, дар вақти душвориҳо онро аз соли 1992 то 1997 тарк намекард ва танҳо  баъди ором гаштани вазъи сиёсӣ бо гузашти 5 сол аз Самара дубора ба  Тоҷикистон барнамегашт. Ҳамин хел не, хонум Тутубалина?!

 Дар асл муаллиф сокини фаъоли пойтахт бошад, метавонад дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҷаласаҳои ҳарҳафтаинаи корию назоратии шаҳрдорӣ, ки барои ҳама институтҳои шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҳояш ҳамеша боз аст ва гузашта аз ин ба иҷлосияи навбатӣ, ки 20 декабри соли 2012 баргузор мегардад, ширкат варзида, масъалагузорӣ намояд. Аммо имрӯз хонумро зарур аст, ки дар доираи Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи  ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонии шаҳр ба ҳамзистии осоиштаи аҳли ҷамоатчигӣ эҳтиром гузошта, бо худдорӣ аз тафриқаангезию табақабандии сокинон дар таҳияву татбиқи барномаҳои созандагию ободонии шаҳр, пеш аз ҳама хонае, ки дар он зиндагӣ дорад, саҳм гирад. Зеро шаҳри азизи мо Душанбе тибқи моддаи 4 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  пойтахти мамлакат аст ва хушбахтона ҳар як шаҳрванди кишвар ҳуқуқ дорад  дар ин шаҳр бо риояи фарҳанги шаҳрдорӣ кору зиндагӣ намояд!

Воқеан, нисбати эродаш, ки маблағҳои андозсупорандагон  чӣ гуна сарф мешаванд, хотиррасон карданием, ки дар ин хусус осуда бошад. Шаффофияти масрафот ва дар кадом самт бо чӣ миқдору мақсад истифодашавиашонро донистан хоҳад, ба сомонаи www.dushanbe.tj ворид шавад, ки ҳамасола Амри нахустини Раиси шаҳри Душанбе оид ба Нишондодҳои маблағгузории сохтмони асосӣ ва номгӯи иншоотҳои дар соли нав бунёдшаванда  барои маълумот ва дастрасии сокинон нашр карда мешавад.  

Вобаста ба масъалаи роҳу таъмири он муаллиф савол мегузорад, ки «Что вам мешает привести в порядок столичные дороги – не центральные, а все?!». Ба маълумоти хонум расониданием, ки дар шаҳри Душанбе масофаи умумии хиёбонҳо ва роҳҳою кӯчаҳо 705,6 км ва пиёдароҳҳо 329,4 км мебошад, ки дар маҷмӯъ 1035 км-ро ташкил дода, масоҳати умумиашон 18 млн. метри мураббаъ мебошад.

            Бе гуфти ӯ ҳам тибқи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ (СНиП, ВСН 46-83) дар як сол бояд 65 км роҳ таъмири асосӣ карда шавад. Бо назардошти махсусиятҳои роҳҳои шаҳр, ки дорои коммуникатсияҳои зиёд аст, барои таъмири асосии 65 км роҳҳо тибқи масрафҳои соли равон ҳамасола зиёда аз 633 млн. сомонӣ зарур мебошад.

 Хонумбузург! Амалӣ кардани хоҳиши Шумо дар маҷмӯъ беш аз 10 млрд. сомонӣ ва 16 солро тақозо менамояд, ё худ ҳамасола беш аз 79,5 фоизи маблағҳои буҷети шаҳри Душанберо ташкил медиҳад. Ҳол он, ки музди меҳнат  ва ҳиссаҷудокунии кордеҳони  солонаи кормандони соҳаи буҷетӣ 174,6 млн.сомонӣ, аз ин соҳаи маориф 73,4 млн.сомонӣ, тандурустӣ 58,5 млн.сомонӣ ва барои нигоҳдошти муассисаҳои буҷетӣ 141,6 млн. сомонӣ, нақлиёту коммуникатсия  30,4 млн.сомонӣ, ки  ҳамасола 43,5 фоиз ва маблағгузории асосӣ  55,7 фоизи буҷети шаҳрро дар бар мегирад. Бас кунед, ҳарзагӯиро!

Ба маълумоти хонум ва онҳое, ки  мутаассифона, таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳрро дида наметавонанд, расониданием, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зикргардидаю ҷойдошта танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр барои азнавсозии 20 кӯчаҳои шаҳр: Н.Қарабоев, А.Навоӣ, Дӯстии халқҳо, Соҳилӣ, Меҳнат, Шарқ, Телман, Лоҳутӣ, С.Ғанӣ, Теҳрон, Бохтар, Раҳимӣ, Камола, Миршакар, С.Айнӣ, Н.Ганҷавӣ, Шота Руставелӣ, У.Хайём, азнавсозии гардиши кӯчаҳои Борбад-А.Ҷомӣ, оромгоҳи Меҳробод,  ки 27 км, ё 407763 м2-ро ташкил медиҳанд, беш аз 228 млн. сомонӣ маблағҳо сафарбар гардида, ҳамзамон дар асоси ташаббуси шаҳрдорӣ бо саҳмгузории субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи беш аз 15 млн. сомонӣ 92,7 км роҳҳо ё худ дар таносуби ноҳияҳои шаҳр: Сино-37.6 км (6 млн. сомонӣ), Шоҳмансур-23,2 км (2,2 млн. сомонӣ), Фирдавсӣ-16,3 км (3,5 млн. сомонӣ) ва И. Сомонӣ- 15,6 км (3,3 млн. сомонӣ) ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳияҳо: Сино-59155м2 (8,1 млн. сомонӣ), Шоҳмансур-44615,7м2 (4,5 млн. сомонӣ), Фирдавсӣ-36463 м2 (2.4 млн. сомонӣ) ва И. Сомонӣ- 17093 м2  (1,7 млн. сомонӣ) корҳои таъмири ҷорӣ ба сомон расонида шуданд.

Илова бар он, ба таваҷҷӯҳашон расониданием, ки Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, тибқи Қарори худ  №1-9 ҳанӯз аз 15 марти соли 2010 солҳои 2010-2015-ро панҷсолаи рушди инфрасохтории пойтахт  эълон кардааст ва бо мақсади иҷрои он дар доираи татбиқи “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар шаҳр” эълон шудани солҳои 2012 – 2015 30 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ ва 100 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои азнавсозию таъмири ҷории роҳҳои шаҳр сафарбар мешаванд. 

Таъмиру азнавсозии роҳҳо яке аз самтҳои  асосии фаъолияти шаҳрдорӣ гардидааст. Давоми  4 соли охир (2008-2011) сохтмони роҳи нави кӯчаи Соҳилӣ, азнавсозии кӯчаҳои Титов, Лоиқ Шералӣ, таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP зали КВД «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» (хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои А.Дониш, С.Айнӣ) то гардиш ба маҳаллаи Қулписта, хиёбонҳои И.Сомонӣ, Сино, қисматҳои алоҳидаи кӯчаҳои Н.Қарабоев,  Карамов, Н.Ганҷавӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Шотемур, Ҳ.Шерозӣ, Шероз, Бофанда, Мичурин, З.Космедемянская, Камола, Камонгарон, Буғхонаи Шарқӣ, кӯпрукҳои С.Шерозӣ, Абай ва А. Ҷомӣ таъмир  шуданд. Дар маҷмӯъ  корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмири  асосии хиёбон, кӯчаҳо ва роҳҳои шаҳр 56, 17 километр ё 930590 м2-ро  ташкил медиҳад. Ба ин мақсад аз буҷаи шаҳр 261,5 млн сомонӣ сарф шудааст. Хотиррасон менамоем, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №417 аз 30 сентябри соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи барномаи комплексии рушди нақлиёт ва роҳҳои шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2015» сохтмон, азнавсозӣ ва  таъмири асосии хиёбон, кӯчаҳо ва роҳҳои пойтахт ба нақша гирифта шуда, дар мӯҳлаташ амалӣ мегарданд.

Шумо, Ольга Тутубалина, дар ин бора аз ҳаво гап назанед, минбаъд мавзӯъро дақиқу саҳеҳ омӯхта,  факту рақамҳоро далел  оварда (яке аз талаботҳои асосии журналистика ҳам ҳамин аст), дар асоси онҳо ҳақиқатро ба хонанда расонед.

Боз аз ба суд кашидани Кабирӣ алами «адвокат» Тутубалина тоза шуда, тӯҳматро пеша гирифта, шикоят кардааст, ки «в столице республики уже 20 (!) лет в домах нет тепла, когда идет массовое отключение электричества, когда нет газа и даже – по-настоящему чистой питьевой воды».

Сабаби камбуди гармию газро дар шаҳри Душанбе ҳама медонанд ва хоҷат ба шарҳу эзоҳ нест. Магар муаллиф намедониста бошад, ки истеҳсоли гармӣ ин вазифаи ШСХК «Барқи тоҷик» ва молрасони газ ҶСШК «Тоҷиктрансгаз» аст,  на шаҳрдорӣ! Вале бо вуҷуди ин ба хотири бо гармӣ таъмин кардани соҳаҳои асосии иҷтимоии шаҳр бо истифода аз қувваи барқ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ШСХК «Барқи тоҷик» чанд сол аст, ки 16,7 млн. сомониро аз ҳисоби ҳаққи нерӯи барқи аз ҷониби муассисаҳои аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузоришаванда пешпардохт кардааст. Бе гуфти Шумо ҳам, хонум ТУТУБАЛИНА!, шаҳрдорӣ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар фикри зиндагии шоиста ва хизматрасониҳои сокинонаш ҳастанд!  Офтобро бо доман пӯшондан нашояд. Кӣ ба дурӯғҳои Шумо бовар мекунад, ки барқ умуман хомӯш карда мешавад, ё худ оби ошомиданӣ дода намешавад? Ин маълумотро  аз куҷо гирифтед?

 Ба маълумоти Шумо ва хонандагони нашрия мерасонем, ки барои сокинони Душанбе аз 4 истгоҳи обтозакунӣ «Ҷанубу Ғарбӣ» «Кофарниҳон»,  «Худҷореъ» ва «Фишорӣ» ҳамарӯза 380 - 400 ҳазор м3 оби нӯшокии тоза интиқол дода мешавад, ки ин меъёр  аз талабот бениҳоят зиёд аст. Сифати ин об бошад ҳамарӯза дар 4 истгоҳи обтозакунии номбаршуда, инчунин дар 84 нуқтаи муайяни шабакаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе аз ҷониби лабораторияҳои КВД «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе таҳти назорати мақомоти прокуратура, такрор мекунем, ҳамарӯза санҷида мешавад.

 «Когда нет по настоящему чистой питьевой воды» - муаллиф чиро дар назар дошта бошад, ҳангоме ки сифати об ҳам аз ҷиҳати тирагӣ ва ҳам аз ҷиҳати бактериологӣ ба меъёрҳо мутобиқат карда, ҳарсола барои ин мақсад зиёда аз 500 тонна коагулянт ва зиёда аз 500 тонна гипохлориди натрий захираву масраф карда мешаванд.

 Яке аз мақсадҳои асосии Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки аз соли 2002 татбиқи фаъоли он оғоз ёфт, беҳтар гардонидани сифати оби нӯшокӣ ва ба меъёрҳо мутобиқат намудани он буд. Соли 2006 рафти татбиқи Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати аудитории мустақили швейтсариягӣ ва худи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаҳои ҳаммисли дар Европаи шарқӣ ва Осиё татбиқшаванда, ҳамчун Лоиҳаи ибратбахш арзёбӣ гардида, иловатан ба маблағи умумии Лоиҳа, ки 17 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамуд, боз 5 млн доллар ҷудо карда шуд.

Натиҷа ҳамин аст, ки тибқи назарсанҷии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳафтранг» ба сифати оби ошомиданӣ 85%-и сокинони шаҳр баҳои хубу қаноатбахш, 9% баҳои бад ва 6% аз ибрози назар худдорӣ намудаанд.

Тавре аз маълумоти Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ (27.11.2012 №703) бармеояд – дар шаҳри Душанбе сатҳи бемориҳои тавассути оби нӯшокӣ  сироятшаванда низ ҳамасола тамоюл ба пастравӣ дорад. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ бошад, ягон бемории сироятӣ вобаста ба оби ошомиданӣ ба қайд гирифта нашудааст. Хонандаи мӯҳтарам! Ба кӣ бовар кунем? Ба журналисти ҳарзагӯ ё мақомоти ваколатдори босалоҳияти давлатӣ?!

«Кто вам мешает решить вопрос с ЖКХ, реформа которого так ничем хорошим и не окончилась, или она так и не начиналась?»- масъалагузорӣ  кардааст Тутубалина.

Воқеан, ҳалли масоили хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёданд ва баёни онҳо бо як - ду ҷумла имконнопазир аст. Ислоҳоте, ки дар ин самт оғоз ёфтааст, ба зудӣ анҷом намепазирад. Дар ин роҳ мушкилию монеаҳои зиёде ҷойгиранд.

Ба муаллиф гуфтанием, ки ҳатто Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя -Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, ки дар самти хоҷагии манзилии коммуналӣ ислоҳотро ҳанӯз соли 1991 оғоз карда буданд, то ҳол ба анҷом нарасонидаанд, мушкилиҳо, проблемаҳо ҳалли худро наёфта истодаанд. Ба ин мақсад шаҳрдорӣ дар доираи барномаи ташаккул ва ислоҳоти хоҷагии манзилии коммуналӣ тибқи  қонунҳои марбута фаъолият дорад. Аз ҷумла, шакли нави идорӣ – кооперативҳои соҳибмулкони манзил барои ҳалли мушкилоти соҳа, ба хусус ташаккули  фонди манзилӣ ҳанӯз солҳои 2006-2007 таъсис дода шуда буданд ва имрӯз бошад дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №603 аз 10 декабри соли 2009 «Дар бораи тақвияти чораҳо оид ба хизматрасониҳо дар бахши идора ва нигаҳдории фонди манзилӣ ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил» дар шаҳри Душанбе зиёда аз 50 ширкати соҳибмулкони манзил бо ташаббуси худи сокинон таъсис ёфта, дар зиёда 170 хонаҳои бисёрквартирадор бошад, идоракунӣ бевосита аз ҷониби худи соҳибмулкон ба роҳ монда шудааст. Дигар биноҳои бисёрхонагӣ аз ҷониби 51 ташкилотҳои идоракунандаи шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» мавриди истифодабариву назорат қарор доранд. Корҳо ҷиҳати татбиқи санадҳои зикршуда идома дошта, қобили хушнудист, ки дар ин самт тамоюли баландшавии масъулияту ташаббус ва мавқеи шаҳрвандии сокинон бараъло мушоҳида мегардад.

Барои сари вақт кашондани партовҳои сахти маишӣ кӣ халал мерасонад- мепурсад, муаллиф,  вале мушаххас нагуфтааст, ки дар куҷо,  дар кадом маҳал ё ноҳия. Ҳарчанд ки  ин вазифаи ҳаррӯзаи  мақомоти иҷроияи ноҳияҳои шаҳр аст, бо вуҷуди ин беҳдошти тозагии санитарӣ ҳамеша  дар мадди назари шаҳрдорӣ қарор дорад. Ба ин мақсад техника, қувваи корӣ ва дигар воситаҳо мерасанд. Соли 2009 аз ҳисоби буҷети шаҳр 48 адад техникаи махсус ва 24 контейнерҳои калонҳаҷм харидорӣ гардида буданд.

Соли ҷорӣ дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» воридкунии боз 22 адад техникаи коммуналию партовкашонии махсус оғоз мегардад. Умуман дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе”, ба ғайр аз техникаи коммуналии зикргардида, харидории 8000 адад контейнерҳои партовҷамъкунӣ, харидории 2 адад механизми мустаҳкамкунанда, 2 адад техникаи махсус, 1 адад мошина барои баровардани партовҳои тиббӣ, таҷҳизотҳои тарозуи калонвазн барои КВД “Партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ”, 5 микроавтобус барои корхонаҳои партовҷамъкунии навтаъсис, корҳои беҳгардонии бино ва роҳҳои қитъаи партовгоҳи шаҳрӣ, харидории печи махсус барои сӯзонидан ва нест кардани партовҳои тиббӣ, дастгоҳи демеркуризатсионӣ барои нест кардани лампаҳое, ки дар таркибашон буғи симоб доранд ва 20 адад контейнерҳо барои ҷамъоварии чунин лампаҳо, харидории дастгоҳи махсус барои ҷамъоварии газҳои аз партовгоҳи шаҳри ихроҷшаванда, ташкили системаи биллингии идоракунии ҳисобкунӣ ва ҷамъоварии маблағҳо дар соҳаи партовҷамъкунӣ, барқарорсозии 1333 адад майдонча ва шахтаҳои партовҷамъкунӣ пешбинӣ ва бомуваффақият иҷро гардида истодаанд.

Лекин мавқеъ, масъулияти шаҳрвандию маърифати шаҳрнишинӣ на дар ҳама ҷо баробаранд. Ана дар ҳамин самт иштироки фаъолонаи ҳамаи  сокинони пойтахт, новобаста ба шуғли касбу кор, лозим аст ва ҳамаи мо барои ҳалли он ӯҳдадорем. Тозагии хона, кӯча ва маҳаллаву шаҳрамон вобаста аст ба тозагии тафаккури  сокинони пойтахт!

Воқеан табиати инсон таврест, ки мехоҳад дигаргунӣ ҳарчи зудтар ва ҳамин рӯз рух диҳад. Осон аст дар канор истода, ҳама чиз ва касро танқид кардан ва ҳамчунин киро чӣ омӯзонидану чӣ тавр  кор кардан. Вале ин аз мавқеи шаҳрвандӣ нест! Дар филми машҳури «Дили сагона» профессор Преображенский ҳикмати хубе овардааст: «Вайронӣ дар шууру тафаккури мост, на дар атрофи мо.» Агар бо ҳам  якҷоя тартибу низомро аз хонаву ҳавлии худ оғоз намоем, акси ин вайрониҳо дар тафаккури мо мемонад.

Шаҳрдорӣ бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №1-9 аз 15 марти соли 2010, ки фазои «Соли  ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ»-ро дар пойтахт то соли 2015 тамдид намудааст, ба ҳар як муроҷиат, таклифу пешниҳод ва даъвату ташаббуси созанда, агар ба манфиати ҷомеа ва ободию озодагии пойтахт бошанд, арҷгузору ҳамовозу ҷонибдор аст. Барои танқид, афкори камбудию нуқсонҳо, агар ҳаққонӣ, воқеӣ, асоснок бошанд, садде намегузорад.

Дар интиҳо ба хонум Тутубалина ёдрас мешавем, ки ин луқмаи таҳрифомезаш танҳо ба хотири эҳтироми озодии сухан, буғӣ накардани баёни афкору мавқеи шаҳрвандӣ ва арзишҳои демократӣ таҳаммул карда мешавад.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе                                С. Раҳимова