Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №743 аз  04.12. соли 2012

       

Дар бораи баргузории озмуни шаҳрии 

«Волидайни беҳтарини   сол»                       

            

       Бо  мақсади иҷрои банди 2 Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи  Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе  М.Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи  31  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  маориф» ва моддаи 12  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»                                     

                                   Қ А Р О Р  М Е К У Н А М :

     1. Низомномаи замимагардидаи озмуни шаҳрии «Волидайни беҳтарини сол»   тасдиқ карда шавад.

     2. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.)  даври шаҳрии озмунро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда, тибқи талаботи  низомномаи мазкур  ташкил ва баргузор намояд.

    3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои ҳавасмандгардонии  ғолиби озмун ба Раиси шаҳри Душанбе  таклиф пешниҳод намояд.

     4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси  Қарори  мазкурро  тавассути васоити ахбори  омма  таъмин  намояд.

     5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта  шавад.

                                                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

 


 

НИЗОМНОМАИ

озмуни шаҳрии «Волидайни беҳтарини сол »

I. Муқаррароти умумӣ

1.1.Озмуни шаҳрии «Волидайни беҳтарини сол» дар шаҳри Душанбе (минбаъд Озмун), барои муайян намудан ва дастгирии волидайни беҳтарини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил карда мешавад.

1.2. Низомномаи мазкур тартиб ва шакли ташкилу баргузор гаштани озмуни  шаҳрии  «Волидайни беҳтарини сол» - ро муайян менамояд.

II. Мақсад ва вазифаҳои Озмун

2.1. Озмун бо мақсади дарёфт намудани волидайни беҳтарин, ки дар таълиму тарбияи фарзандонашон саҳми арзанда доранд,  гузаронида мешавад.

2.2. Вазифаҳои Озмун:

- муайян намудан ва дастгирӣ намудани  волидайни беҳтарини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе;

- ҳавасманд гардонидани  волидайни беҳтарин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон;

- мустаҳкам намудани алоқаи муассисаи таълимӣ бо волидайн, ҷалби онҳо ба раванди таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд.

III. Масъалаҳои ташкилӣ ва баргузории Озмун

3.1. Муассиси Озмун Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  мебошад.

3.2.  Иштирокчиёни Озмун: дар Озмун волидайни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки на камтар аз се нафар фарзандонашон дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд,  иштирок  менамоянд.

Дар даври шаҳрии Озмун  ғолибони даври ноҳиявӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

3.3. Марҳилаҳои Озмун:

Марҳилаи аввал: дар муассисаҳои таълимии шахри Душанбе – моҳи феврал;

Марҳилаи дуюм: дар сатҳи ноҳияҳо – моҳи   март;

Марҳилаи сеюм: даври шаҳрии озмун – моҳи апрел;

3.4. Кумитаи тадорукот: Барои ташкил ва баргузории Озмун  Кумитаи тадорукот иборат аз 7 нафар:  муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе,  сардори Раёсати маорифи  шаҳри Душанбе, мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад.

Кумитаи тадорукот Озмунро омода менамояд, масъалаҳои ташкилиро вобаста ба Озмун ҳал мекунад, барои гузаронидани Озмун матлабу ҳуҷҷатҳои лозимиро дастрас мегардонад, ҳайати комиссияи Озмун ва салоҳияти онро  тасдиқ мекунад.

IV. Ҳайати комиссияи Озмун

4.1. Ҳайати комиссияи Озмун дар мувофиқа  бо раиси Кумитаи тадорукоти Озмун  аз 13 нафар (раиси комиссия- сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, муовин, котиб ва 10 нафар аъзо) иборат буда, ба он номзадҳо аз ҳисоби кормандони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати xавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе интихоб шуда, бо фармоиши сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе тасдиқ карда мешавад.

4.2.  Салоҳияти ҳайати комиссияи Озмун:

- шарт ва талаботи Озмунро пеш аз оғози Озмун ба таври васеъ, равшану возеҳ, вобаста ба талаботи давр бо иловаи баъзе тағйирот чоп намуда, дастраси шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо мегардонад;

- баъд аз иҷрои ҳамаи шартҳои Озмун аз ҷониби довталабон натиҷаи онро ҷамъбаст намуда, фикру дархост ва қарори ҳайати комиссияро барои омӯзиш ва баровардани қарори дахлдор оид ба ғолиби  даври сеюми Озмун ба Кумитаи тадорукот пешниҳод менамояд.

V. Тартиби баргузории Озмун

5.1. Дар даври аввали Озмун  волидайни хоҳишманд  ба  Кумитаи тадорукотии мактаб, ки дар асоси фармоиши директори мактаб таъсис меёбад, муроxиат намуда, номнавис мешаванд ва дар Озмун иштирок мекунанд.

5.2. Роҳбарони мактабҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ, литсею гимназияҳои тобеи Раёсати маориф ба Кумитаи тадорукоти  ноҳиявии Озмун талабнома пешниҳод менамоянд.

5.3. Ҳуҷҷатҳои шахсии  иштирокчиёни даври сеюми Озмун (тавсифнома аз xойи кор ва истиrомат,  маълумотнома дар бораи фарзандон ва xойи таҳсилу дастовардҳои онҳо, 2 дона расм дар ҳаҷми 3х4, қарори доварони мактаб ва ноҳия бо мӯҳру имзо, мактуби дархостӣ) ба Кумитаи тадорукот даҳ рӯз пеш аз озмуни шаҳрӣ пешниҳод карда мешавад.

5.4. Ғолиби даври шаҳрии  Озмун  ҳамасола  1 волидайн муайян мешавад.

5.5. Иштирокчӣ бояд  маҳорати сухангӯӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинии васеъ, истеъдоди ҳозирҷавобӣ ва эҷодкорӣ дошта бошад.

5.6. Дар Озмун донистан ва  огоҳӣ доштан аз фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ, таърихи халқи тоҷик, дирӯзу имрӯзи шаҳри Душанбе,  озодона гуфтугӯ кардан бо забони давлатӣ ва донистани забони русӣ, арҷгузорӣ ба муқуддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта мешаванд.

5.7. Иштирокчӣ дар ҳолати саривақт ҳозир нашудан ба Озмун ҳуқуқи дар Озмун иштирок карданро надорад.

VI. Шартҳои  Озмун

6.1. Дар Озмун довталабон аз рӯйи шартҳои зерин санҷида мешаванд:

- оилаи намунавӣ ва зиёда аз се фарзанди синни мактабӣ доштан;

- доштани андешаҳои мушаххас оид ба беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас;

- огоҳӣ доштан аз қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқукии танзимкунандаи соҳаи маориф, ки ба волидайн имкони бештари саҳм гирифтан дар раванди таълиму тарбияро медиҳад.

- дар фаъолияти худ амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;

- доштани маълумот оид ба нишондодҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иштироки бевосита дар ҳалли масъалаҳои беҳдошти таълиму тарбияи хонандагони таълимгоҳ;

- саҳми довталаб дар идоракунии таълимгоҳ (иштирок дар фаъолияти шӯрои омӯзгорӣ,  раванди таълим, корҳои беруназсинфию беруназ- мактабии тарбиявӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ – техникии таълимгоҳ);

- донистани урфу одат ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик, дигар халқҳои дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарда, таърихи халқи тоҷик ва ғайра.

VII. Ҳавасмандгардонӣ

7.1.  Ғолиби Озмун бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ (панҷ ҳазор) дар «Рӯзи пойтахт» сарфароз гардонида мешавад.