Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар иртибот ба қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба иҷора гирифтани нуқтаҳои савдои бунёдшаванда дар гузаргоҳи зеризаминии назди КВД «Бозори саховат» ва  азнавсозии гузаргоҳи зеризамини дар чорроҳаи  хиёбони Рӯдакӣ- кӯчаи Ф.Ниёзӣ, эҳтиромона ба иттилоъ мерасонад, ки нуқтаҳои мазкур аз рӯи таъинот танҳо барои фурӯши маводи чопию конселярӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ихтисос дода шуда  баъди ба итмом расидани  сохтмон ба иҷора супоридани дӯконҳои мазкур бо роҳи гузаронидани озмун амалӣ карда мешавад..

       Ҳамзамон, ҷои таъкид аст, ки бинобар сабаби татбиқи Нақшаи генералӣ дар минтақаҳои алоҳида ва қисмати марказии шаҳр ва барои то анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда, ки дубора соҳибмулкон барои гирифтани манзили баробарарзиш дар заминаи иншооти бартарафшавандаашон хоҳиш зоҳир намудаанд,  квартираҳои моликияти коммуналии шаҳр бо ин мақсад истифода шуда, муваққатан ба иҷора додани онҳо манъ карда шудааст.