Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 December 2012

11 декабри соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрию ноҳиявӣ, хадамоти оташнишонию ҳолатҳои фавқулодда, идораҳои нотариалӣ, нозирони минтақавӣ,  сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва директорони бозорҳои дар марзи шаҳр фаъолияткунанда баргузор гардид.

Дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ҳолати заминистифодабарӣ, вазъи зиддисӯхтории бинову иншоот ва ҷараёни ҳамкориву фароҳам овардани шароитҳо ба ҷалби потенсиали муҳоҷирони меҳнатӣ ба рушди шаҳр мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Вобаста ба масъалаи ҳолати заминистифодабарӣ дар шаҳр ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт аз ҷониби шаҳрвандон, пеш аз ҳама дар азхудкунии минтақаи маскунии маҳаллаи Ховарон гузориши Прокурори шаҳр Қодиров С.Г. шунида шуд.

Зикр гардид, ки ҳолати ғасби худсаронаи замин  ва эъмори сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар минтақаи мазкур аз ҷониби прокуратура дар асоси санҷишҳои бо дархости шаҳрдорӣ анҷомдода, муайян карда шуда, барои рафъи онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ андешидашуда бошанд ҳам то ҳол вазъи мавҷуда нигаронкунанда ва боиси роҳандозии чораҳои муассиртару дастаҷамъонаи сохторҳои зидахл мебошад.

Бо хулоса аз гузориши манзуршуда Маҳмадсаид Убайдуллоев  аз прокурори шаҳр даъват ба миён овард, ки дар доираи салоҳияти худ барои таъмини назорати иҷроиши якхелаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши сохтмон ва заминистифодабарӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, нисбати шаҳрвандони ба қонуншиканӣ роҳдода ва масъулини сохторҳои назорати давлатӣ, ки дар иҷрои вазифаҳои таъинотиашон саҳлангорӣ намудаанд чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ намояд.

 Барои пешгирӣ аз идомаи сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар минтақаи мазкур аз ҳисоби кормандони прокуратураи шаҳр ва ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби мутахассисони Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе гурӯҳи доимоамалкунандаи назоратиро фаъол намуда, фаъолияти он ҳар ҳафта дар сатҳи прокурори ноҳия ва дар ду ҳафта як маротиба дар сатҳи прокурори шаҳр баррасӣ карда шавад.

Ҳамзамон дар иртибот ба масъалаи заминистифодабарӣ ва дурнамои рушди марзию маъмурии шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон       № 382 аз 30 декабри соли 1983 тасдиқ гардидааст ва тавзеҳоти марбута оид ба истифодабарии ҳудуди он, барои тараққиёти минбаъдаи марзии шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи ҳамсарҳади шаҳр - Рӯдакӣ 3492 га замин, ки дар онҳо сохтмони капиталӣ ва шинонидани дарахтони бисёрсола маън карда шудааст пешбинӣ гардидааст ва масоҳати зикргардида танҳо барои истифодабарии муваққатӣ бояд қарор дода мешуд. 

Мутаассифона, ҳолати аз ин ҳисоб 1111 га заминҳои дар асоси Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №386 аз 7 апрели соли 2003 ба ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамроҳкардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки  ин заминҳо хилофи муқаррароти Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 382 аз 30 декабри соли 1983, тавзеҳоти марбута оид ба истифодабарии ҳудуди он ва талаботи қонунгузорӣ бо азхудкунии сохтмонҳои капиталӣ ва шинонидани дарахтони бисёрсола аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ ба истифодабарии шаҳри Душанбе  вобаста карда шуданд, ки бе муҳобо дар татбиқи Нақшаи генералии шаҳр мушкилоти зиёд эҷод менамоянд.

Мувофиқ ба тасҳеҳи нави Нақшаи генералии шаҳр, ки айни ҳол бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гипрогор» - и шаҳри Москва идома дорад нуфузи шаҳри Душанбе то 1 млн пешбинӣ шудааст ва ҳолати азхудкунии заминҳои ҳудудҳои ҳисобии дурнамои шаҳри Душанбе аз ҷониби ноҳияи Рӯдакӣ хело нигаронкунанда ва боиси андешидани тадбирҳои муассир аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо ин мақсад ба муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев ва Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанберо  М.Убайдуллоев дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳолати воқеии 1111 га заминҳои ба марзи шаҳр воридшуда ва 2381 га қитъаи замине, ки барои дурнамои рушди марзии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаро мавриди санҷиш, баррасӣ ва қабули қарорҳои асоснок дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳукуқ ва марбутаи ҷумҳуриявӣ қарор  диҳанд.

 Зимни баррасии ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, ташкилоту идораҳо ва дигар субъектҳои хизматрасонии шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирӣ аз оқибатҳои фалокатбори ҳодисаҳои сӯхтор риояи талаботи меъёриро аз ҷониби тамоми роҳбарони субъектҳои хоҷагидор таъмин сохта, дар ҳолати муайян кардани камбудиҳо то рафъи нуқсонҳои ҷойдошта, фаъолияташонро боз дорад.

Дар робита ба ҷалби потенсиали муҳоҷирони меҳнатӣ ба рушди шаҳр фаъолияти роҳандозинамудаи масъулини шаҳрдориро нокифоя арзёбӣ карда, дастур фармуд, ки робитаи мавҷударо бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия  тақвият бахшида, иштироки ҳамватанони бурунмарзиро дар татбиқи барномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Нақшаи генералии шаҳр фаъол намоянд.