Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 March 2010

9 марти соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа назди фаъолони пойтахт роҷеъ ба масъалаи ба низом даровардани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, аз натиҷаи кори анҷомдодаи комиссияи марбутаи ҷамъиятӣ гузориши раиси комиссияи мазкур С. Сафиоллоев – раиси Кумитаи шаҳрии ҲКТ шунида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи дархости мавсуф фаъолияти комиссия аз ҷониби шаҳрдорӣ ба мўҳлати ду ҳафта тамдид ёфта, таи ин муддат директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Р. Ҳомидов муваққатан аз иҷрои вазифаи хизматӣ барканор гардида, масъулияти иҷрои ин вазифаро муовини сохавии Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев  ба зимма дошт.

Бо хулоса аз гузориши комиссияи ҷамъиятӣ Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев муқаррар сохт баҳри ташкили фаъолияти муназзам ва реҷавии нақлиёти ҷамъиятӣ, назорати риояи ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо ва пешгирии хатсайршиканиҳои бархе аз ронандагони  микроавтобусҳо назорати ҷамъиятӣ доимӣ ба роҳ монда шуда, иҷрои вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» таври мудовим ба зиммаи муовини сохавии Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев  вогузошта шавад.

Бо дахли масоили ҳолати зиддисӯхторӣ дар тамоми ташкилоту идораҳо  ва субъектҳои хоҷагидори мукими пойтахт ва иҷрои Қарорҳои марбутаи шаҳрдорӣ дар ин самт аз ҷониби Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дастур гардид, ки комиссияи ҷамъиятии аз ҳисоби Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ созмонёфта санҷиши дахлдорро анҷом дода, унвонии шаҳрдорӣ маълумот ирсол доранд.

Ҳамзамон дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи раисони ноҳияҳо ва Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, ки ҳолати нигоҳдории роҳҳо дар тавозунашон  буда, дар ин самт масъулияти шахсӣ мебаранд, ба вазъи ногувори роҳҳо ҷалб намуда, бо нигаронии қатъӣ дастур дод, ки бо истифода аз мусоидати боду ҳаво корҳои таъмири ҷорӣ ва ҷузъии хушсифати роҳҳоро ба сомон расонанд.

Дар ин зимн ба масъулини шаҳрдорӣ супориш гардид, ки ҳашарҳои умумишаҳриро бо ҷалби васеи ҷамоатчигӣ ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидори шаҳр мақсаднок баргузор намуда, ҳолати татбиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили сазовори иди Наврўз ва 20-солагии Истиқлолиятро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

 

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе