«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 December 2012

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2013 ва муҳайё намудани шароитҳои зарурии фарҳангию фароғатии солинавӣӣ барои сокинони шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

 

Қарор мекунам:

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили чорабиниҳои солинавӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ:

- то 30 декабри соли ҷорӣ ороиши майдон, боғу гулгашт ва хиёбону кӯчаҳои шаҳрро ба итмом расонида, дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти мӯътадили соҳа ва корхонаҳои муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд;

- дар  ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 28 то 31 декабри соли 2012 фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро ташкил кунанд;

- ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда, бобати аёдати онҳо тадбирҳо андешанд.

3.      Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мӯсоева Ш.Р.) дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавию фароѓати сокинон фароҳам оварда, иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намояд.

4.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Ҳалимов Р.М.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри  Душанбе  (Шен Т.Н.) ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати таҷлили Соли нави 2013 таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ, гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

5.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

       Зимнан аз сокинон ва меҳмонони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ талаботи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо қатъиян риоя намоянд.

6.     Шӯъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

М.Убайдуллоев