Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 January 2013

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар иншооти «Азнавсозии кўчаи Лоҳутӣ аз кўчаи С.Айнӣ то гардиши кўчаи Шотемур», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Дар роҳи автомобилгарди иншооти «Азнавсозии кўчаи Лоҳутӣ аз кўчаи С.Айнӣ то гардиши кўчаи Шотемур» то 30 сентябри  соли 2013  ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шавад.

2.   Дар робита бо муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.), шўъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Турахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Каримов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро, ки аз иншооти «Азнавсозии кўчаи Лоҳутӣ аз кўчаи С.Айнӣ то гардиши кўчаи Шотемур» мегузаранд, ба кўчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кўчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷўӣ намояд.

4.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншоотҳои мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

5.   Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ