Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 January 2013

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафгардидаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кўчаи С.Айнӣ-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айнӣ то майдони Ғалаба)»

 

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кўчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафгардидаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кўчаи С.Айнӣ-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айнӣ то майдони Ғалаба)», вобаста ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №703 аз 9 ноябри соли 2012 «Дар бораи ғолиби тендер» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи   17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.                  Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгар:

- дарахтони иншооти «Азнавсозии кўчаи С.Айнӣ-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айнӣ то майдони Ғалаба)»-ро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист бо дарназардошти риояи меъёрҳои экологӣ амал намояд;

- дар асоси санади Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №126/ш аз 21 ноябри соли 2012 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оиди аз байн бурдани дарахтони садди роҳи сохтмон монеашаванда аз 11 декабри соли 2012 дарахтони бартарафшавандаи иншооти «Азнавсозии кўчаи С.Айнӣ-хиёбони С.Шерозӣ (аз майдони С.Айнӣ то майдони Ғалаба)» дар ҳаҷми умумии 380 м3 мутобиқ ба муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти                  давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур 150 м3, Раёсати маорифи шаҳри                         Душанбе 130 м3 ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 100 м3 дар асоси борхат ҷудо намояд.

2.                      Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

3.                      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

  М.УБАЙДУЛЛОЕВ