Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 January 2013

 

Бо мақсади амалӣ гардонидани самтҳои асосии тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе, саривақт ва самаранок маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои ҳаётан муҳимми банақшагирифташуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2013 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи ­­994 827 000 (нӯҳсаду наваду чор миллиону ҳаштсаду бисту ҳафт ҳазор) сомонӣ  мутобиқи замимаи №1 муқаррар карда шавад.

 

2. Фоизи ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисоби воридоти андозҳои умумидавлатии танзимшаванда байни буҷети шаҳрӣ ва буҷетҳои ноҳияҳои шаҳр дар соли 2013 ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:

 

Бо фоиз

 

 

Номгӯи ноҳияҳо

 

Андоз аз даромад

 

Андоз аз фоида

 

Андоз аз арзиши иловашуда

 

Андоз  аз истифодабаран-дагони  роҳҳои автомобилгард

Андози низоми соддакардашудаи

андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд

 

 

Аксизҳо

Шоҳмансур

25

-

20

-

7

100

И. Сомонӣ

-

44

-

-

25

 

Фирдавсӣ

-

60

81

-

100

100

Сино

65

-

85

-

32

100

Шаҳрӣ

49

43

32

100

57

55

ш. Душанбе

65

50

50

100

100

100

 

3. Фоизи ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисоби воридоти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии вобастакардашуда ба буҷетҳои ноҳияҳои шаҳр дар соли 2013 чунин муқаррар карда шавад:

   Бо фоиз

Номгӯи ноҳияҳо

Андоз  аз  молу мулки ғайриманқул

Андоз аз воситаҳои нақлиёт

Андозҳо барои захираҳои табиӣ

Боҷи давлатӣ

Даромадҳои дигари ғайриандозӣ

Шоҳмансур

100

100

100

100

100

И. Сомонӣ

100

100

100

100

100

Фирдавсӣ

100

100

100

100

100

Сино

100

100

100

100

100

     

  4. Буҷети шаҳрӣ барои соли 2013 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 698 018 669 (шашсаду наваду ҳашт миллиону ҳаждаҳ ҳазору шашсаду шасту нӯҳ) сомонӣ мутобиқи замимаи №2  муқаррар карда шавад.

5. Пули нақди хазинавии дар гардишбудаи буҷети шаҳрӣ ба 1-уми январи соли 2014 ба маблағи 1 633 873 (як миллиону шашсаду сиву се ҳазору ҳаштсаду ҳафтоду се) сомонӣ тасдиқ ва буҷетҳои ноҳияҳои шаҳр ба маблағи 6 208 537 (шаш миллиону дусаду ҳашт ҳазору панҷсаду сиву ҳафт) сомонӣ мутобиқи замимаи №3 муқаррар карда шаванд.

6. Ба таркиби буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2013, буҷети ноҳияҳои шаҳр аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 296 808 331 (дусаду наваду шаш миллиону ҳаштсаду ҳашт ҳазору сесаду сиву як) сомонӣ мутобиқи замимаи №4 дохил  карда шаванд.

7. Фонди музди меҳнати буҷети шаҳрӣ ва буҷети ноҳияҳои шаҳр барои соли 2013 мутобиқи замимаҳои №№ 5,6 муқаррар карда шавад.

8. Ҳаҷми маблағгузории асосӣ барои соли 2013 ба маблағи 530 153 500 (панҷсаду сӣ миллиону як саду панҷоҳу се ҳазору панҷсад) сомонӣ  мутобиқи замимаи №7 муқаррар карда шавад.

9. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, идораҳо ва шӯъбаҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар муддати як ҳафта, баъди тасдиқи буҷет, ба тамоми муассисаҳои аз буҷети шаҳрӣ маблағгузоришаванда, корхонаву ташкилотҳо нишондиҳандаҳои нақшавиро барои соли 2013 расонанд.

10. Кабудизоркунӣ ва нигоҳубини майдону гулгаштҳои шаҳр тавассути раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр амалӣ гардонида шуда, назорати он ба зиммаи Сарраёсати кабудизоркунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Холов А.А.) гузошта шавад.

11. Роҳбарони муассисаву ташкилотҳо, ки маблағгузории онҳо дар буҷети шаҳрӣ қарор доранд, дар муддати ду ҳафта, пас аз тасдиқи буҷет, ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе сметаи ягонаи хароҷот (аз рӯи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ), мувозинаи даромаду хароҷотҳоро (нақшаҳои молиявӣ) барои соли 2013 бо тақсимоти семоҳаҳо  пешниҳод намоянд.

12. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр барои пурра ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ:

- маблағгузаронии хароҷотҳоро аз ҳисоби буҷет ба чорабиниҳои ҳаётан муҳим ба таври қатъӣ дар доираи даромадҳои воридшуда амалӣ намуда, назоратро баҳри самаранок ва мақсаднок истифода бурдани онҳо пурзӯр намоянд ва хароҷоти иловагиро танҳо аз ҳисоби маблағҳои аз нақша барзиёд воридшавандаи мансуб ба буҷети ноҳияҳоро сад фисад барои таъмири пиёдагардҳо ва роҳҳои байни шаҳраку маҳаллаҳо равона созанд.

13. Раёсати андози шаҳри Душанбе (Воҳидов А.А.) барои пурра ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагон ва манбаъҳои андозбандӣ дар шаҳр ва кам намудани бақияпулии андозҳо чораҳои мушаххас андешад.

               14. Маблағи махсуси идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз буҷети шаҳрӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои буҷети ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 5 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва 15 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассисаҳо (Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ-истироҳатии «Ғалаба», Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Сарраёсати кабудизоркунӣ» ва Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асоси»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе), бо истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, ба буҷети шаҳрӣ ҳар семоҳа ворид карда мешаванд.

                        15. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои андозҳои танзимшаванда аввал ба буҷети шаҳрӣ гузаронида шуда, баъдан ҳиссаи ноҳияҳо аз рӯи маблағи воридшуда ба буҷети онҳо, мутобиқ ба банди 7 Қарори мазкур, дар ҳар 15 рӯз гузаронида мешавад.

                        16 Масъулияти саривақт гузаронидани маблағҳо ба буҷети ноҳияҳо ба зиммаи Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе гузошта шуда, тартиби мазкур ба маълумоти бонкҳо расонида шавад.

          17. Ба инобат гирифта шавад, ки дар соли 2013 мутобиқи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» 20 фоизи иҷроиши барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт» равона карда мешавад.

18. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.):

-иҷроиши муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», ки тибқи он воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил мегардад ва ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, бо пуррагӣ таъмин созад;

- баҳри мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ назорати хазинавиро  пурзӯр намояд;

- бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоиз аз рӯи депозитҳои буҷети маҳаллӣ, ки ба 1 январи соли 2013 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои шаҳри Душанбе ба мӯҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли молиявӣ ҷойгир намояд;

- дар доираи маблағҳои ҳиссагузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе маблағи пешбинишударо, ки муодили 600 000 (шашсад ҳазор доллари ИМА) мебошад, аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ҷудо намояд. 

19. Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ:

- шартномаҳоро оид ба хариди мол, кор ва хизматрасонӣ бо додани афзалият ба истеҳсолкунандагон дар доираи маблағҳои дар буҷет тасдиқшуда танҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» амалӣ намоянд.

20. Маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба 1-уми январи соли 2013 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, хоҷагии манзилӣ, сохтмони иншоот, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти шаҳрдорӣ равона карда шавад.

21. Иловапулӣ ба нафақаи маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҷангҳо дар қаламрави давлатҳои дигар, садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, шахсоне, ки бо ордену медалҳо барои меҳнати шоён ва хизмати софдилонаи ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфароз гардидаанд, иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони мактаб-интернатҳои №№1,2,3,4, Хонаи кӯдакони синни томактабии №1, Маркази кӯдакон ва наврасон, Маркази такмили ихтисоси муаллимон, омӯзгорони гимназияҳои №№1,2 барои хонандагони болаёқат, Маркази рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимии давлатии литсейҳои №№1,2 барои хонандагони болаёқат, кӯмаки яквақта ба муносибати Рӯзи кӯҳансолон ба нафақахӯрони синнашон 75 сола ва аз он боло, идрорпулӣ ба хонандагони аълохони мактабҳои шаҳр, идрорпулӣ ба омӯзгорони хушкору эҷодкори мактабҳои таҳсилоти шаҳр, идрорпулӣ ба донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ- сокинони шаҳри Душанбе, идрорпулӣ ба роҳбари синф, сардори синф ва хонандагони «Синфи беҳтарин», ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ карда мешаванд, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ мутобиқи замимаи №8 муқаррар карда шаванд.

22. Иҷроиши буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011 аз рӯи даромад ба маблағи    846 756 140 (ҳаштсаду чилу шаш миллиону ҳафтсаду панҷоҳу шаш ҳазору як саду чил) сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 690 393 538 (шашсаду навад миллиону сесаду наваду се ҳазору панҷсаду сию ҳашт) сомонӣ, ки бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот 156 362 602 (як саду панҷову шаш миллиону сесаду шасту ду ҳазору шашсаду ду) сомонӣ зиёд мебошад, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

23. Ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2013 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи ­­994 827 000 (нӯҳсаду наваду чор миллиону ҳаштсаду бисту ҳафт ҳазор) сомонӣ барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2013. Замимаи № 1

 

Буҷети шаҳрӣ барои соли 2013. Замимаи № 2

 

Пули нақди кассавии дар гардишбудаи  буҷети шаҳри Душанбе

 ба 1 январи соли 2014. Замимаи № 3

 

Буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе дар соли 2013. Замимаи № 4

 

Фонди музди меҳнат ва маоши буҷети шаҳрӣ барои соли 2013. Замимаи № 5

 

Фонди музди меҳнат ва маоши буҷети ноҳияҳо барои соли 2013. Замимаи № 6

 

 

Нақшаи маблағгузориҳои асосӣ барои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳои пойтахт барои соли 2013. Замимаи № 7

 

Иловапулӣ ба нафақаи маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҷангҳо дар қаламрави давлатҳои дигар, садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, шахсоне, ки бо ордену медалҳо барои меҳнати шоён ва хизмати софдилонаи ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфароз гардидаанд, иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони мактаб-интернатҳои №№1,2,3,4, Хонаи кӯдакони синни томактабии №1, Маркази кӯдакон ва наврасон, Маркази такмили ихтисоси муаллимон, омӯзгорони гимназияҳои №№1,2 барои хонандагони болаёқат, Маркази рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимии давлатии литсейҳои №№1,2 барои хонандагони болаёқат, кӯмаки яквақта ба муносибати Рӯзи кӯҳансолон ба нафақахӯрони синашон 75 сола ва аз он боло, идрорпулӣ ба хонандагони аълохони мактабҳои шаҳр, идрорпулӣ ба омӯзгорони хушкору эҷодкори мактабҳои таҳсилоти шаҳр, идрорпулӣ ба донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ-сокинони шаҳри Душанбе идрорпулӣ ба роҳбари синф, сардори синф ва хонандагони «Синфи беҳтарин»Замимаи № 8