Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 March 2010

Бо мақсади амалисозии ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба дастгирии  оилаҳои камбизоат  дар пойтахти кишвар аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай тариқи баргузории хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд тадбирҳои мушаххас  андешида мешаванд.  Рӯзҳои 19 ва 27 марти соли равон дар Маркази равобити пойтахт дар маҷмӯъ хатнасури 380 кӯдакони шаҳри Душанбе дар расми тантанавию бошукӯҳ доир карда шуд.

 Баҳри идомаи ин иқдоми наҷиб дар шаҳр ва характери мудовим касб намудани он Раиси шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияти худ Қарори махсусеро аз 27 марти соли 2010 ба тасвиб расонд.

Мутобиқ ба Қарори  мазкур дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2010 ҳар моҳ  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он  баргузории на камтар аз як маросими тӯйҳои хатнасур ва домодию арӯсии оилаҳои камбизоат бо истифода аз имкониятҳои молиявии шахсони саховатпеша дар биноҳои мутааллиқ ба моликияти коммуналӣба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.

Ҷиҳати иҷрои ин амал аз соҳибмулкони иншоотҳои фарҳангию фароғатии дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолияткунанда хоҳиш карда шудааст, ки барои ба таври ройгон гузаронидани тӯйҳои хатнасур ва домодию арӯсии оилаҳои камбизоат на камтар  аз як маротиба дар як моҳ мусоидат намоянд.

Масъалаи нақлиёти мусофиркаши тӯйҳои мазкур аз ҷониби шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе   ва  иштироки ройгони ҳунармандон аз ансамблу дастаҳои ҳунарии назди клуби марказонидашудаи  шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе  таъмини мегардад.

Зимнан аз ҳунармандони касбӣ ва ҳаваскор хоҳиш гардидааст, ки иқдоми наҷибро оид ба хизматрасонии ройгон дар тӯйҳои мазкур дастгирӣ намоянд.   

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Гулистон» вазифадор шудааст, ки то 1-уми июни соли равон масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои кӯдаконаро барои тӯйи хатнасур амалӣ созад.

Дар ин зимн муовини Раиси шаҳри Душанбе Сайфиев М.Н. ва Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати дақиқ намудани шумораи фарзандони оилаҳои камбизоати  эҳтиёҷманд ба тӯйи хатнасур ва домодию арӯсӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ин самт ваколатдор гаштааст, ки ҷараёни  камхарҷ баргузор шудани маъракаҳои мазкурро дар доираи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорат қарор дода, аз натоиҷи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳр гузориш пешниҳод намояд.

         Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе