Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 January 2013

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №782 аз 26.12.2012

 

Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои ҷамъоварии чиниши яквақта ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри  Душанбе»

 

 

Бо назардошти баланд гардидани нархи маводи сӯзишворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, тарифҳои барқ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва беҳтар намудани вазъи молиявии бозорҳои мансуб ба моликияти коммуналии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Меъёрҳои замимагардидаи ҷамъоварии чиниши яквақта ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  тасдиқ ва аз 7 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шаванд.

 2. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» чиниши пурра ва риояи тартиботи муқарраргардидаи меъёрҳои пардохти чиниши яквақтаи маблағ ва хизматрасониҳоро тибқи талаботи замимаи Қарори мазкур таъмин намоянд.

3. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Назаров Б.М. вогузор карда шавад.

 

                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

 

МЕЪЁРҲОИ (МИЗОНИ)

ҷамъоварии чиниши яквақта ва хизматрасониҳо дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Оид ба истеҳсол,  харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»