Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 January 2013

10 январи соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласаи  натиҷагирӣ оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2012 баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубхон Давлатов ва масъулини субъектҳои хоҷагидории зертобеи шаҳрдорӣ, раисони Шӯрои маҳаллаву шаҳрак, роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, сохторҳои худидораи биноҳои бисёрхонагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеи шаҳр сурат гирифт.

Зикр гашт, ки таҳлили фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои комплекси саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ нишон дод, ки иҷроиши нақшаҳо оид ба афзоиши хаҷми истеҳсоли  маҳсулот, аз он   ҷумла маҳсулоти ниёзи  мардум, суръати афзоиш, ворид намудани технологияи муосир дар истеҳсолот ва ташкили корхонаҳои нав, ки яке аз вазифаҳои асосӣ муқаррар шуда буд, таъмин гардид.

136 корхонаҳои саноатии шаҳр ё 56,2 фоиз зиёда аз 1,5 маротиба ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба соли 2011 афзоиш доданд ва 61 корхонаи нав ташкил карда шуд, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 32,1 млн. сомонӣ  маҳсулот истеҳсол карда, ба таъсиси 300 ҷойҳои кории нав мусоидат намуд. Аз шумораи зикргардида  12 адад ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ (аз ҷумла филизӣ), дару тиреза аз шиша, арматураи сохтмонӣ, черепитса, маводи деворӣ, хишти бинокорӣ, клинкер, қубур ва пайвасткунакҳои асбестӣ, симҳои печӣ машғул мебошанд.

Ҳаҷми маҳсулоти содиротшудаи соҳа 5,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба маблағи 0,6 млн. доллари ИМА зиёд мебошад.

Музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан ба ҳолати январ-ноябри соли ҳисоботӣ ба 2227,43 сомонӣ ва дар соҳаи саноати коркард 612,10 сомонӣ баробар гашт, ки нисбати ҳамин давраи соли 2011-ум мутаносибан 35,1 ва 22,8 фоизӣ зиёд гардиданд.

Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар соҳаи саноат солҳост, ки пурра аз байн бурда шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 1031,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлгарӣ 821,8 млн. сомониро ташкил дод.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби инвеститсияҳои дохилӣ ба 898,2 млн. сомонӣ баробар шуда, 88,7% ҳаҷми умумии маблағгузориро ташкил намуд. Сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи сохтмон 114,9 млн. сомонӣ  буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 11,3 фоизро ташкил медиҳад.

Фондҳои асосии ба истифодадодашуда аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба 1103,8 млн. сомонӣ  расид, ки нисбати соли 2011 ба андозаи 304,7 млн. сомонӣ, ё худ 38,1% зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ 108165 метри мураббаъ манзил дар шаҳр сохта ба истифода дода шуд. Аз масоҳати умумии ба истифода додашуда 61724 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд, 23355 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ ва 23086 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ сохта шудааст.

Дар бахши сохтмони манзил соли ҳисоботӣ дар доираи татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 баҳри дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавону зиёиёни шаҳр бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 38 аз 31 январи соли 2012 Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз сохтмони 2 бинои 9-ошёнаи ҳар кадоме дорои 44 квартира дар кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев бо масоҳати 6010 м2 ва 2 бинои истиқоматии 12-ошёнаи 144 квартирадор дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, бо масоҳати умумии 10601,52 м2 бо саҳмгузории шахсони воқеӣ оғоз ва идома бахшида, ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро нисбати сохтмони 2 бинои истиқоматии 9-ошёнаи 90- квартирадор дар маҳаллаи Муҳандиси ноҳияи Сино, бо масоҳати умумии 6028,74 м2  ба итмом расонида, ба сохтмони онҳо дар нимаи дуюми моҳи январи соли 2013 оғоз мебахшад.

Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 189,1 млн. сомонӣ маблағгузории асосиро иҷро намуд, ки 116,2  млн.сомониро корҳои сохтмонию васлкунӣ ташкил медиҳад ва ба маблағи 412,8 млн.сомонӣ фондҳои асосиро ба истифода дод, ки нисбати соли 2011-ум 248,7 млн. сомонӣ, ё 2,5маротиба зиёд мебошад.

Раёсати зикргардида дар айни ҳол  ҳамчун фармоишгар дар 33 иншоот, аз ҷумла, «Сохтмони мактаб барои 1354 ҷой дар заминаи мактаби №8-и ноҳияи И.Сомонӣ», «Сохтмони корпуси нав барои 640 ҷойи нишаст дар ҳудуди мактаби №56-и  ноҳияи Сино»,  «Сохтмони корпуси нав барои 320 ҷойи нишаст дар ҳудуди мактаби №97-и  ноҳияи Сино», 11 майдончаи муосири варзишӣ дар ҳудуди шаҳарку маҳаллаҳо, «Сохтмони Маркази савдои муосир дар кӯчаи Сурхоби ноҳияи И. Сомонӣ» ва дигар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ-васлкуниро ба роҳ мондааст.

Аз тарафи 262 ташкилоти пудратӣ ба маблағи 768,4 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро шудааст, ки нисбати соли 2011-ум 108,2 млн. сомонӣ ё 16,4 фоиз зиёд мебошад.

Музди миёнаи меҳнати сохтмончиён дар як моҳ ба ҳолати январ-ноябри соли ҳисоботӣ ба 1283,34 сомонӣ баробар гардида, нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2011-ум 159,28 сомонӣ, ё 14,2 фоиз зиёд гардид.

Ба рушди меъмории шаҳр дар асоси талаботи Нақшаи генералӣ тавсеа бахшида, татбиқи мақсадноки он дар қисмати марказии  кӯчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ оғоз ва дар солҳои наздик бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида хоҳад шуд

Тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум,  №1-9 аз 15 марти соли 2010 солҳои 2010-2015 панҷсолаи рушди инфрасохторӣ муқаррар гардидаанд ва аз ин лиҳоз, сохтмон, азнавсозӣ ва дар ҳолати мутобиқи меъёрҳо нигоҳ ва ба истифода додани роҳҳо дар соли сипаригардида низ ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа мавриди иҷроиш қарор дошт.

Бо мақсади амалӣ гардонидани чорабиниҳо оид ба вусъати тоза бахшидан ба сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳр 2 декабри соли 2011 Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд ва  муассисаи мазкур дар соли ҳисоботӣ ҳамчун фармоишгар  дар ҳаҷми умумии 108,5 млн. сомонӣ маблағҳоро аз худ кард, ки нисбати соли гузашта 16,8 млн. сомонӣ, ё ин ки 18,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ташаббуси шаҳрдорӣ бо дарназардошти вазъияти баамаломада дар натиҷаи сардиҳои бемисли соли 2011, ки  ҳолати роҳҳою пиёдагардҳо хело ташвишовар гаштаанд, тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №197 аз 18 апрели соли 2012 "Оид ба эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ дар таъмири ҷории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе" аз ҷониби 17 субъекти соҳибкории шаҳр  ба маблағи 15 млн. сомонӣ дар 92,7 км роҳҳо корҳои таъмири ҷорӣ ба сомон расонида шуданд.

Бо дарназардошти он ки роҳҳою пиёдагардҳои шаҳр дар тавозуни раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр қарор доранд ва таъмири ҷории онҳо вазифаи бевоситаи ноҳияҳо мебошад, дар ин давра ба маблағи 19,9 млн.сомонӣ дар 189,4 км роҳҳо ба масоҳати 197 243 м2  аз ҳисоби буҷети ноҳияҳо таъмири ҷорӣ карда шуданд.

 Дар доираи татбиқи “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо”, ки солҳои 2012-2014-ро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо Қарори худ №75-8 аз 22 декабри соли 2011 эълон намудааст, дар соли сипаригардида  30 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ, ки 4,3 млн. сомонӣ ва 100 фоизи қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети ноҳияҳои шаҳр, ки 13,1 млн. сомониро ташкил доданд, барои таъмири ҷории 131896 м2 роҳҳои шаҳр равона гардиданд. Қобили зикр мебошад, ки  ин муқаррарот  дар соли ҷорӣ низ идома дода мешавад.

Танҳо аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷети шаҳрӣ дар соли 2013-ум  25,81 км роҳ, ки 22 кӯчаи шаҳрро дар бар мегиранд, бо масоҳати 551527 м2 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмир карда мешаванд.

Тибқи маълумотҳои фаврии оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ 438,1 млн. доллари америкоиро ташкил дод, ки баробари 113,8 фоизи соли 2011 мебошад.

Содироти молҳо дар соли ҳисоботӣ нисбат ба соли 2011-ум 34,5 фоиз зиёд шуда, 61,8 млн. доллари америкоиро ташкил дод.  Воридоти молҳо ба шаҳр бошад, нисбат ба соли 2011-ум 11,0 фоиз зиёд шуда, ба 376,3 млн. доллари амрикоӣ баробар гашт.

Ҳаҷми гардиши моли чакана дар ҳама соҳаҳои савдо дар соли ҳисоботӣ 1589,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 41,9 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ 3733,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 17,1 фоиз зиёд мебошад.

    Идома бар он, Маҳмадсаид Убайдуллоев  зикр намуд, ки дар шаҳр бо татбиқи муттасили барномаҳои шаҳрдорӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигию институтҳои шаҳрвандӣ дар низоми хоҷагидорӣ  ва пешбурди ҳаёти рӯзмарраву фароҳам овардани шароитҳои хизматрасонӣ ба сокинон, дар доираи имкониятҳои ҷойдошта, дастовардҳои шоён насиб гардид, ки бо истифода аз фурсат сидқан миннатдории мақомоти намояндагиву иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Роҳбарияти шаҳрро барояшон иброз медорем.

Инчунин зикр гардид, ки доир ба тавсеаву тақвияти фаъолият дар бахшҳои фарогири хоҷагидории шаҳр дар соли 2013 сохтмони  манзил, мактаб, толорҳо ва майдончаҳои варзишию фароғатӣ, қасрҳои теннис барои 3000 ва намудҳои варзишии обӣ барои 2000 ҷойи нишаст дар сатҳи меъёрҳои олимпию байналмилалӣ бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ, иншооти соҳаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз қабили марказҳои савдо ва «минимаркет»-ҳо, бозори замонавӣ, дар соҳаи иҷтимоӣ беморхонаи бисёрсоҳавӣ барои 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як бахш ва осоишгоҳ барои 200 нафар дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади мусоидат ба ҳаракати бемайлони  нақлиёти ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз танбашавӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти хусусии дар роҳҳои сайри нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ тибқи талаботҳои қонунгузорӣ машғулиятдошта, бо истифода аз таҷрибаи  шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои мамолики мутараққӣ, ки ин тадбир нек амалӣ мешавад, роҳандозии пулакии истифодаи муваққатии таваққуфгоҳҳои сарироҳӣ (паркинг)-ро  мувофиқ ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар шаҳрамон ҷорӣ карда мешавад.

Бар замми он, барои тақвияти чораҳо ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ лоиҳаи ҷадиди инноватсионӣ оид ба назорати электронии ҳаракат ва хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳарчанд мушкилоти дастрасии сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ дар шаҳр ҳалли худро пайдо карда бошад ҳам, аммо аз даврони Шӯравӣ то имрӯз 35392  муштарӣ аз ҳисоби аҳолӣ (19,5%) аз ҷониби КВД “Обу корези Душанбе” тариқи реҷавӣ бо об таъмин карда мешаванд, ки низоми мавҷуда шаҳрдориро дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қонеъ ва бетараф гузошта наметавонад. Бо дарназардошти ин дар соли 2013  КВД “Обу корези Душанбе” вазифадор карда шуд, ки барномаи марҳилавии рафъи интиқоли реҷавии оби ошомиданӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳрро дар доираи таҷдиди меъёрҳои техникии иншооти обрасонии корхона то 1 апрели соли 2014 амалӣ намояд. 

Дар иртибот ба масъалаи таъмини дурнамои  хизматрасонии таъинотии КВД “Обу корези Душанбе”, вобаста ба бунёди иншоот дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, инчунин ҳифзу дар ҳолати хуби хизматрасонӣ нигоҳ доштани қубурҳои обгузару корезӣ ва таъмини иқтидорҳои хизматрасонии он,  барномаи нави ташхиси инфрасохторҳои КВД “Обу корези Душанбе” мавриди тарҳрезӣ ва иҷроиш қарор дода хоҳад шуд ва зимни бунёди шаҳракҳои нав ба кашидани хатҳои коммуникатсионӣ тавассути коллектор, ки ҳамагуна хатҳои муҳандисию коммуникатсионӣ аз дохили он гузашта, зимни садама дар қубурҳои хизматрасон  таъмири онҳо бе кандани роҳҳо  рафъ карда мешаванд, афзалият додан ба инобат гирифта мешавад.

Мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо гармӣ ва оби гарм солҳост, ки аз камбуди истеҳсоли энергияи гармӣ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» бо пуррагӣ ҳалли худро пайдо карда наметавонад. Бо инобати мубрамияти масъала ба хотири бо гармӣ таъмин намудани соҳаҳои иҷтимоии шаҳр, бо истифода аз қувваи барқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ШСХК «Барқи Тоҷик» 16,7 млн. сомониро аз ҳисоби ҳаққи нерӯи барқи аз ҷониби муассисаҳои аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузоришаванда баҳри  бо истифода аз ангишти ватанӣ ба кор андохтани дегхонаҳои “Ғарбӣ”–и ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри  Душанбе», ки зерсохтори ширкати зикргардида мебошад, пешпардохт кардааст.

 Соли ҷорӣ тибқи дастури Сарвари давлат бо дархости роҳбарияти шаҳр дар дегхонаи «Ғарбӣ»-и ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри  Душанбе»-и  ШСХК «Барқи Тоҷик» ду адад деги обгармкунӣ бо истифодаи сӯзишвории сунъии композитсионии моеъ (бо истифодаи ангишт) корҳои сохтмонию васлгарӣ бо сармоягузории 50 фоизӣ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ва шаҳрдорӣ идома ва ба итмом хоҳанд расид.

         Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақонаи хизматрасонии сомонаи шаҳрии www.mometavonem.tj бо мақсади тақвияти чораҳои амалисозии мутассили сиёсати бунёди ҳукумати электронӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишиниву маърифати шаҳрдорӣ, сатҳи иттилоотонии сокинон аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ дар татбиқи потенсиали созандаи онҳо бо роҳи қабули мустақими муроҷиату пешниҳод ва ташаббусҳои созандаи шаҳрвандон, ки ба роҳандозии барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нигаронида шудаанд, лоиҳаи нави интерактивии «Бе миёнаравҳо» ва сомонаи www.bemiyonaravho.tj, ки фарогири бахшҳои маориф,тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, ҷавонон, оила ва кӯдак, шуғл, Нақшаи генералӣ, инноватсия,  савдову хизматрасонӣ ва  зидди коррупсия мебошад, фаъол карда мешавад.

Дар ин замина дар назди Раиси шаҳри Душанбе Шӯро оид ба баррасии масъалаҳои афзалиятноки  рушди шаҳр, ки ба ҳайати он намояндагони ҳамаи бахшҳо шомил бошанд ва вазифаи он тарҳрезии барнома ва стратегияҳои экспертӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои созандагӣ мебошад, таъсис мегардад,  ки дар ин  ҷода мо беш аз ҳарвақта тамоми нерӯи созандаи сохторҳои давлатӣ ва институтҳои шаҳрвандии ҷомеаамонро ба манфиати шаҳрамон равона месозем, таъкид дошт М. Убайдуллоев.

 Соли 2013 дар радифи амалисозии нақшаҳои пешбинигардида, дар шаҳр соли омодагии ҳамаҷониба ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе  эълон карда шуд ва баҳри  дар сатҳи густурда роҳандозии чорабиниҳо оид ба тайёрӣ тибқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 123-20 аз 20 декабри соли 2012 раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор карда шуданд, ки аз рафти корҳои баитмомрасида ба ҳар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар соли 2013 ҳисобот манзур намоянд.

Бо ин мақсад қарор гардид, ки  баҳри ташкили омодагии ҳамаҷонибаи аҳли ҷамоатчигӣ шурӯъ аз моҳи феврали соли 2013 дар таносуби шаҳраку маҳаллаҳо вохӯриҳои роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои хизматрасон бо сокинон муттасил доир шуда, барои пешбурди низоми хуби хоҷагидорӣ дар бахши истифодаи фондҳои манзили хусусишудаи шаҳр, ҳар моҳ як маротиб  семинарҳои пажӯҳишӣ ва мусоидаткунанда ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии соҳибмулкон, пеш аз ҳама роҳбарони сохторҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, баргузор карда хоҳад шуд.

Инчунин таъкид гашт, ки дар соли ҷорӣ масъалаи ҳамкориҳо бо институтҳои шаҳрвандӣ  дар маҳалҳо, бевосита ба зиммаи раисони ноҳияҳо вогузор карда шудааст.

Дар ҷаласа баҳри бахурдории фаъолони шаҳр аз вазъи ҷинояткорӣ ва тадбирҳои андешидашудаву  роҳандозигардида дар соли нав аз ҷониби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе гузоришҳои муфассал ва ҳадафманд ироа гардида, сӯҳбати хосаву ошкорои ҷонибҳо, ки ба нафъи  суботи ҷомеаи шаҳр нигаронида шуда буданд, сурат гирифт.