Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 January 2013

21 январи соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ баргузор гардид.

Ҷаласа дар партави хулосаҳо аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни  натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомёфта оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2012 ироагардида доир гашт,  ки дар  иртибот ба он аз ҷониби М. Убайдуллоев ҷиҳати пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр мувофиқ ба иҷрои барномаҳои тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз 20 декабри соли 2012 барои  соли 2013 қабул ва тасдиқ гардида, масъалагузориҳои амиқ  сурат гирифт.

Қабл аз ҳама,  шаҳрдор таваҷҷӯҳи масъулинро ба иҷрои босифати  корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории хиёбону кӯчаҳо ва пиёдароҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо нигаронида,  дастур фармуд, ки потенсиали мавҷуда баҳри иҷрои пай дар пайи  нақшаҳои ободонӣ, ки дар соли 2013 бо фарогирии соҳаҳои гуногуни  шаҳрдорӣ тасдиқ гаштаанд, сафарбар  карда шавад.

Аз ҷумла, муқаррар карда шуд, ки фаъолияти сохторҳо ва субъектҳои хоҷагидори аз ҷониби шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои он созмонёфта ҳар моҳ дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт натиҷагирӣ карда шуда, ҳар семоҳа дар сатҳи шаҳрдор баррасӣ карда мешаванд.

Дар ин росто, бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи барномаҳои шаҳрсозӣ дар соли ҷорӣ амалӣ  мешаванд, зикр гардид, ки оид ба кӯчонидани Боғи ҳайвонот ба дигар минтақа ва ҷойгузинии он дар манотиқи марбутаи шаҳр, баҳри дарёфти андешаву пешниҳодоти муфид миёни сокинон ва институтҳои лоиҳакашӣ озмуни кушод эълон карда мешавад.

Дар робита ба ин мавзӯъ қарор гашт, ки Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ ва Дӯстии Халқҳо низ баҳри мутобиқат намудан ба баровардагии эҳтиёҷоти сайру саёҳатии сокинону меҳмонони шаҳр  дар соли ҷорӣ мавриди азнавсозӣ қарор дода мешавад.  Аз ин ҷост, ки дар боғи Дӯстии Халқҳо корҳои азнавсозӣ бо дарназардошти бунёди рамзи Ваҳдат ҷараён хоҳад гирифт ва баҳри расидан ба ин ҳадаф ва дарёфти андешаҳои созгор миёни сокинон ва институтҳои лоиҳакашӣ озмуни кушод эълон карда хоҳад шуд.

Аз ҷумла, дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр дар соли шурӯъгашта,  оид ба тарҳрезии фаъолияти шаҳрдорӣ ҷиҳати истиқболи Наврӯзи 2013, аммо бидуни ҷалби мактабиёну донишҷуёни ғайрикасбӣ дар омодагӣ ба он, тадбирҳои мушаххас дар ҷаласа роҳандозӣ карда шуданд.