Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 January 2013

26 январи соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва таҳияи сенарияи баргузории он дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифта, дар кори он вазири фарҳанг, президенти Академияи илмҳои кишвар ва директорону олимони Пажӯҳишгоҳҳои он, раиси Иттифоқи нависандагон ва муовинони ӯ, инчунин дигар масъулини сохторҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи аҳли ҳузорро ба таҳияи сенарияи истиқболи арзандаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки таҷассумгари моҳияти ободӣ, озодӣ ва ҳамоишу бедории табиат ва инсонҳо дар роҳи созандагӣ бояд бошад, нигаронида, афзуд, ки соли ҷорӣ оммавияти ин ҷашни аҷдодӣ тавассути оѓоз бахшидани истиқбол дар сатҳи маҳаллаву шаҳракҳо бо инобати фалсафаи бо замона дар Наврӯз тоза шудан, ки ҳар хонаи сокини шаҳр наврӯзхона бошад,  таъмин карда хоҳад шуд.

Зимнан, муқаррар гардид, ки то 31 январи соли ҷорӣ се гурӯҳи кории созмонёфта: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва вазорати фарҳанги кишвар дар алоҳидагӣ вариантҳои худро манзури шаҳрдорӣ менамоянд.

Дар ин росто зикр ёфт, ки Наврӯзи байналмилалии 2013 дар шаҳри Душанбе 21 март дар сатҳи маҳаллаву шаҳракҳо, 22 март дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо намоиши театрикунонидашуда ҳамчун сатҳи шаҳрӣ, 23 март чун риояи рукни наврӯзӣ ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати ободонии маҳал бо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан, 24 март мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ дар  КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  таҷлил карда хоҳад шуд.