Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 January 2013

28 январи соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  баргузор гардид.

Ҷаласа дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр оид ба баррасии вазъи ҷамъоварии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳолати рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар марзи шаҳри Душанбе фаъолияткунанда бо мақсади мусоидат ба таъмини иҷрои нақшаи буҷети шаҳр дар соли 2013  нигаронида шуд.

Роҷеъ ба масъалаи мазкур гузориши сардори Раёсати  андози шаҳри Душанбе А. Воҳидов баррасӣ гашт. Бо хулоса аз он Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи  муовини масъули Раиси шаҳр ва мақомоти андозу Сарраёсати молияи шаҳрро ҳамвора бо дигар мақомоти назорати давлатӣ ба масъалаи матраҳшуда нигаронида, дастур фармуд, ки назорати иҷрои пардохтҳои ҳатмӣ, ҷамъоварии андозро бо истифода аз муқаррароти қонунгузории кишвар, қабл аз ҳама  нисбати хилофкорон пурзӯр намуда, оид ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии қарздор тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи санитарию экологӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва бо истифода аз мусоидати боду ҳаво  сафарбар намудани потенсиали сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаҳои ободонию ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр,  мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, масъулият ва вазифаҳои  субъектҳои шаҳрию ноҳиявӣ  оид ба татбиқи нақшаҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати омодагиву таҷлили сазовори Наврӯзи 2013  мушаххас карда шуданд.