Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 January 2013

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 1-1 аз 09.01.2013с. "Дар бораи эълони тендери байналмилалӣ оид ба интихоби таҳвилгар ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ барои Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст" ҷиҳати иштирок ба тендер тариқи иштироки номаҳдуди довталабон барои интихоби таҳвилгари таҷҳизоти муосири тиббии  Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст тендери кушоди байналмилалӣ аз рӯи лоти 2 шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷии (довталабони) босалоҳиятро даъват менамояд.

    Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ довталабон метавонанд бо телефони: 909-99-36-88 (Зоиров П.Т.) ё 92-781-56-24 (Тошев Ҳ.Т.) муроҷиат намоянд.

   Номгӯйи таҷҳизоти муосири тиббии  таҳвилшавандаро довталабон баъди пешниҳоди дархост дастрас менамоянд.

   Баргузории тендер 15 феврали соли 2013, соати 15:00 муқаррар шуда, дархостҳо то соати 17-00-и 8.02.2013с. қабул ва тендер дар бинои маъмурии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, к.Н.Қарабоев-24. гузаронида мешавад.

 

Шартҳои махсуси тендери кушоди байналмилалӣ

оид ба интихоби таҳвилгари таҷҳизотҳои муосири тиббии  Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст (лоти 2)   

 

1.       Дархост ҷиҳати иштирок ба тендери байналмилалӣ на дертар аз 7 рӯз то оѓози тендер.

2.       Пешниҳоди тендерӣ бо дарҷи мӯҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши пешниҳод.

3.       Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ (агар ташкилоти хориҷӣ бошад ба таври ҳатмӣ бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодани филиали худ легализатсия шуда, дар мақомоти андоз ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад).

4.       Иҷозатномаи махсус барои хариду фурӯши таҷҳизоти тиббӣ, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст (довта-лаби хориҷӣ низ бояд чунин Иҷозатномаро дошта бошад).

5.       Маълумотномаи Нозироти андоз оиди дар давоми як моҳи то оѓози рӯзи тендер дар назди буҷети давлатӣ қарз надоштани ташкилот (ё филиали довталаби хориҷӣ).

6.       Маълумоти довталаб оид ба таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир.

7.       Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 3%-и арзиши дархости тендерӣ ҷиҳати таъмини пешниҳоди тендерӣ;

8.       Номгӯйи таҷҳизоти тиббии харидашаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, сертификати сифат, дастурамали исти-фодабарӣ (ҳатман бо забони русӣ бошад), нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон.


ҚА Р О Р И    

РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ

№ 1-1  аз  9 январи  соли  2013

 

Дар бораи эълони тендери байналмилалӣ оид ба интихоби таҳвилгар ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ барои Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст

 

  Бо мақсади таъмини Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст бо таҷҳизоти муосири тиббии ба беҳдошти  вазъи  тандурустии  аҳолии шаҳр мусоидаткунанда дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати рушди соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 157 аз 4 марти соли 2012 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»  

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 327 аз 12 июни соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер» банди 1 бо мазмуни зайл:

«1. Тақсимбандии корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ ва таҷҳизоти тиббии иншооти «Сохтмони Маркази саломатии шаҳрии № 14, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст» ба 2 (ду) лот:

-лоти 1-корҳои сохтмонӣ-васлкунии иншоот;

-лоти 2-таҳвили таҷҳизоти муосири тиббӣ маъқул дониста шавад» илова карда, бандҳои 1, 2 ва 3 Қарори мазкур мутаносибан банд-ҳои 2, 3 ва 4 хонда шаванд.

2. Ҷиҳати интихоби таҳвилгари таҷҳизоти муосири тиббии  Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст тендери кушоди байналмилалӣ аз рӯи лоти 2 бо иштироки шахсони ҳуқуқии ватанию хориҷӣ эълон карда шавад.

3.  Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда оид ба интихоби таҳвилгари таҷҳизоти муосири тиббии  Маркази саломатии шаҳрии № 14 бунёдшаванда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, барои қабули 800 нафар дар як баст тендери кушоди байналмилалӣ аз рӯи лоти 2   дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузории тендерро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

4. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Шарипова Г.Х.) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) ҳамчун фармоишгари иншооти мазкур мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода гардонад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                                     

     М. УБАЙДУЛЛОЕВ