Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 February 2013

 

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» аз «11»  феврал то «20»  марти  соли 2013  озмун эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

       Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабоне, ки дар соҳаи реклама, муҷаҳҳазот ва ороишдиҳӣ таҷрибаи корӣ дошта, дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, афзалият дода мешавад.

       Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рўзона дошта бошад.

       Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то   «20»  марти соли 2013.

      Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои  221-35-68,  221-62-56 муроҷиат  намоянд.

 

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №36 аз 12 феврали соли 2013

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои

ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии

«Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

 

        Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» аз «11» феврал то «20» марти соли 2013 озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар  аз      «28» марти соли 2013 ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ