Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 February 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №80  аз 12.02.2013

 

Дар бораи таҷлили ҷашни  20 - солагии

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  

 

Бо мақсади дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни 20 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

 Қарор мекунам:


1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба  таҷлили бошукуҳи ҷашни 20 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе,  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ва ороиши бадеии шаҳрро таъмин намоянд ва доир ба гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга, гузоштани минбар (подиум) дар майдони «Дӯстӣ» чораҳои мушаххас андешанд.

 3.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамчунин манъ намудани ҳаракати нақлиёт ҳангоми баргузории чорабинӣ  чораҳои зарурӣ андешанд.

4.     Шӯъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 М.Убайдуллоев

 

Нақшаи

 чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба  таҷлили бошукӯҳи  ҷашни 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе