Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 February 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе №81  аз  12.02.2013

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди

байналмилалии  Наврӯз дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва бо истифода аз суннатҳои ниёгон таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.     Муқаррар карда шавад, ки истиқболу таҷлили бошукӯҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ 21 марти соли 2013 аз маҳаллаҳои «Бадахшон»-и ноҳияи Шоҳмансур, «Кӯҳдоман»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  «Лучоб»-и ноҳияи Сино ва шаҳраки 24-и ноҳияи Фирдавсӣ оғоз гардида, бо иштироки «Корвони наврӯзӣ» дар ҳар як маҳаллаю шаҳрак, биноҳои бисёрхонагию баландошёна бо ширкати бевоситаи сокинони шаҳр, вакилони маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва сохторҳои давлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, институтҳои шаҳрвандӣ ва фаъолони аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар тамоми қаламрави шаҳр ба роҳ монда мешавад.

2.     Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии  Наврӯз-2013 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

3.     Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ., Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мӯсоева Ш.Р.) ҷиҳати дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расму анъанаҳои миллӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешанд,  дар сатҳи баланди бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳои идонаро таъмин созанд ва  пешниҳодҳоро оид ба ҳайатҳои эҷодӣ ва гуруҳҳои корӣ барои мувофиқа ирсол намоянд.

4.     Аз роҳбарони идора, корхона, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки на дертар аз 17 марти соли 2013 ороиши наврӯзии биноҳо ва ободонии гирду атрофи онҳоро ба анҷом расонанд.

5.     Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва мақомотҳои дахлдор:

 - шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони шаҳр дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд;

 - дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории  чорабиниҳои идона фаъолияти мураттаби корхонаҳои нақлиётӣ, алоқа, барқ, об ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми шаҳрро ба роҳ монанд;

- бо ҷалби соҳибкорон ва сарпарастон оид ба масъалаҳои ободониву  ороишӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашн дар шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои мушаххас андешанд;

- ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, зимни аёдат ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонанд ва бобати ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намоянд:

- баргузории камхарҷи маъракаҳои наврӯзиро дар ташкилоту муассисаҳо таъмин намуда, гузаронидани тӯйҳои хатна ва домодию арӯсиро ба роҳ монанд;

- ба чорабиниҳои фарҳангии идонаи шаҳраку маҳаллаҳо беҳтарин дастаҳои ҳунарии касбиву худфаъолиятиро ҷалб намоянд.

6.     Роҳбарии бадеии Намоиши театрикунонидашуда бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ба зиммаи режиссер-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабов Убайдулло гузошта шуда, ҳамзамон вазифадор  карда шавад, ки дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятии марбутаю ширкати беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт таъмин  намояд.

7.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Ҳалимов Р.М.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати ҷашн таъмин намуда, доир ба таъмири унсурҳои ороишии барқӣ ва гузоштани ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

8.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

9.     Аз сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя намоянд.

10.       Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

11.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 
                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Н А Қ Ш А И

 чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии  Наврӯз-2013 дар шаҳри Душанбе