Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 February 2013

Қ А Р О Р И  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №89  аз 14.02.2013

 

        

Дар бораи муваққатан қатъ намудани

         фаъолияти Дегхонаи «Шарқӣ»

          

Муроҷиати Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» №47–23  аз 14 феврали соли 2013-ро баррасӣ намуда, бо мақсади бартараф намудани камбудию нуқсонҳои техникӣ дар таҷҳизоти «Синтезгаз» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.                Интиқоли гармӣ ба муштариён дар Дегхонаи «Шарқӣ» аз 15 феврали соли 2013 қатъ карда шавад.

2.                Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе (Табаров А.А.) ҷиҳати ба пуррагӣ холӣ намудани иншоот ва қубурҳои интиқолдиҳандаи гармӣ корҳои профилактикиро дар муҳлати кўтоҳтарин ба анҷом расонад.   

3.                Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» (Ниёзов У.С.) қубурҳои магистралии интиқоли гармиро дар ҳолати нигоҳдошт (консерватсия) омода намояд.

4.                Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.                Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

                                                                     

      М. УБАЙДУЛЛОЕВ