Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2013

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №110-11 аз 15.11.2012

 

Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи 

Ходими хизматнишондодаи санъати

Тоҷикистон Одинаев Абдуфаттоҳ

      

         Қарори Раиси шаҳри Душанбе №711 аз 13 ноябри соли 2012 «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоxикистон Одинаев Абдуфаттоҳ»-ро баррасӣ намуда мутобиқи моддаҳои 8 ва 9  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгуи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР МЕКУНАД:

 

1. Кӯчаи  Фурманови  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба номи Одинаев Абдуфаттоҳ номгузорӣ карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур (Бобоев С.Қ.) бақайдгирии сокинони кучаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб гардонад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати ичрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ гузошта шавад.

           

Раиси

    Мачлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                   М.  УБАЙДУЛЛОЕВ