Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2013

Қ А Р О Р И   РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №108  аз 21.02.2013

 

Дар бораи  баргузории ярмаркаи

фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва

тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе

 

 Бо мақсади баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе ва бо дарназардошти муроҷиати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/8-54 аз 14 январи соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

     

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухми зироатҳо  аз 24 то 26 феврали соли 2013 дар ҳудуди корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Деҳқон», «Бозори Саховат» ва бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ташкил карда  шавад.  

2. Ҷонишини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. дар ҳамкорӣ бо раиси ноҳияи Сино  Сафаров З.А., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷӯраев А.Ш.) ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» (Муминов С.), саҳна ва шиору лавҳаҳоро ҷиҳати баргузории маросими ифтитоҳи чорабинӣ 24 феврали соли 2013 дар назди майдони бозори “Қарияи боло” омода намоянд.    

3. Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Амонов С.Н.), корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» (Муминов С.) «Бозори Деҳқон» (Мадохиров И.), «Бозори Шоҳмансур» (Ризоев А.), «Бозори Саховат» (Каримов Ҳ.) ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ  намоянд. 

4. Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории  чорабинӣ таъмин намоянд.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

         6. Назорати  иҷрои Қарори  мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри  Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ