Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №107 аз 21.02.2013

 

Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони IV байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

         Бо мақсади таҷлили шоиста аз ҷашни Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ,  дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намудани Ниммарафони IV байналмилалии Душанбе, иҷрои банди 4.1 Қарори Раиси шаҳри Душанбе №565-1 аз 14 октябри соли 2010 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2013”ва  Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодию ичтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2013, ки бо Қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №123-12 аз 20 декабри соли 2012 тасдиқ гардидааст,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”

                                        

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1. Ба муносибати Рӯзи пойтахт 20 апрели соли 2013 Ниммарафони IV байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

2.    Барои омодагӣ ба чорабинии зикргардида Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута тадбирҳои зарурӣ андешад ва бо шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе даъвати расмии иштирокчиёни Ниммарафони IV байналмилалии Душанберо тибқи муқаррарот амалӣ созад ва то 6 апрели соли 2013 тартиби баргузорӣ, Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо оид ба баргузории мусобиқа бо дарназардошти муайян гардидани теъдоди иштирокчиён ва давлатҳои иштироккунанда ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

3.  Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба роҳ монад.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. ва Назаров Б.М. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ