Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 March 2010

15 марти соли 2010  таҳти № 1-9

бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи

шаҳри Душанбе  аз тасдиқ гардидааст.

 

 

 

МУРОҶИАТНОМАИ

вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ба сокинони пойтахт

 

Сокинони  азизи шаҳри Душанбе!

               

Мо,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, дар доираи ваколатҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муқаррар намудааст, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ, бо изҳори сипосгузорӣаз интихобкунандагони худ дар иҷлосияи нахустин ироаи ҳамин Муроҷиатномаро ба кулли сокинони шаҳрамон зарур мешуморем.

                 Қабл аз ҳама  тазаккур бояд дод, ки мо омодагии ҳамаҷонибаи худро дар амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ, маърифати баланди шаҳрнишинии ҳар як сокини он ҳамеша бо даъвату ташаббусҳои ватандӯстонаю созандаи шаҳрвандӣ, бо андешаву гуфтору рафтори неки худ дар пешрафти ҷомеаамон изҳор намуда, ба хубӣдарк менамоем, ки сокини пойтахт будан шарафи бузург мебошад ва иҷрои ӯҳдадориҳои вакилӣдар шаҳр масъулияти бемислро тақозо менамояд.

                Мо сарфарозем, ки тайи чанд соли охир бо ташаббусҳои бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва дастгириҳои ҳамарӯзаашон пойтахти мамлакат ба саҳнаи баргузории ҷашну чорабиниҳои бузург дар арсаи байналмилалӣтабдил ёфта, боиси боз ҳам боло рафтани обрӯи Ватани маҳбубу нуфузи шаҳрамон гардидааст.

 Ҳамзамон дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо аввалин ҷоизаи шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО сазовор гардидани Душанбе, эътироф шудани Душанбе – пойтахти фарҳанги исломӣдар соли 2010 ва бо аксари  пойтахтҳою шаҳрҳои бузург ва таърихӣпаймони бародаршаҳрию ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣдоштан шӯҳрату эътибори онро дар арсаи байналмилалӣбеш аз пеш боло бардоштааст.

                Мо аз он ифтихор дорем, ки шаҳри Душанбе имрӯз ба як маркази боэътимоди илмию фарҳангӣтабдил ёфта, муассисаҳои илмӣ- тадқиқотӣва фарҳангӣ-эҷодии он дар рушду нумӯи фарҳангу тамаддуни миллии кишварамон саҳми сазовор мегузоранд. Аҳли илму адаб, эҷодкорону кулли зиёиёни он дар рушди соҳаҳои худ нерӯи созандаи хешро баҳри ташаккули хештаншиносию ватандӯстии мардум, таълиму тарбияи насли наврас ва мактабу маориф равона сохта, соли 2010-Соли маориф ва фарҳанги техникиро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст карданианд.

Мо, вакилони тозаинтихоб ҳам, ба рушди минбаъдаи ин соҳаҳои муҳимми ҳаётӣтаваҷҷӯҳу эътибори аввалиндараҷа хоҳем дод.

Сокинони шарафманди пойтахт!

               

Ёдовар мешавем, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст, ки тибқи он дар баробари амалисозии барномаи мушаххаси шаҳрдорӣдар пойтахт маъракаи 900 рӯзи ободонию созандагӣэълон гаштааст ва татбиқи амалиашон аз ҳар кадоми мову шумо, соҳибватанон, масъулияти баланди шаҳрвандию ташаббускориро тақозо менамояд. Ин санаи муҳимми таърихиро бояд бо дастовардҳои беназири меҳнатӣ, илмӣва  фарҳангӣбаҳри бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣва бо ибрати шахсии худ арзанда пешвоз гирем.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣбунёди нахустин бинои 20 ошёнаи «Душанбе- Плаза»-и дорои ҳамаи шароитҳои маишию маданӣ, боғи муосири фарҳангии умумишаҳрӣбо тарҳи нав дар мавзеи Буни Ҳисорак, Маҷмааи фароғатии «Сомониён» бо чойхонаи миллӣдар маҳалли Кӯли ҷавонон, бозсозии Амфитеатру Ипподром, идомаи сохтмони Аквапарк, эъмори 7 мактаби нави ҳар кадом дорои 1154 ҷойи нишаст ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард, каналу селпартоҳои дохилишаҳрӣпешбинӣгардидаанд.

            Мавриди зикр аст, ки аллакай 22 иншооти  ҷашнӣаз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳру соҳибкорон сохта ба истифода дода шудаанд ва ин иқдом бо пайвастагии ҳамешагӣидома меёбад.

Дар ин зимн мо, вакилон,  бо дарки масъулият пешниҳоди роҳбарияти шаҳрро оид ба панҷсолаи рушди инфраструктуравии пойтахт эълон доштани солҳои 2010-2015-ро ҳамаҷониба маъқул шуморида,  дастгирӣменамоем.

 

 

Сокинони саодатманди шаҳр!

Мароми асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбе барои ҳар як инсон муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҷисмонию маънавӣмебошад.

Барои ноил шудан ба ин мақсад сокинони пойтахт ба ҷойҳои нави корӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣва табобатию фароғатӣниёз доранд. Мо аз роҳбарони муассисаву корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣдаъват ба амал меорем, ки потенсиали мавҷудаашонро минбаъд ба ҳалли  мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣсафарбар намоянд ва мо омодагии хешро баҳри муҳайё сохтани имтиёзҳои андозию дигар пардохтҳои маҳаллӣиброз менамоем.

Мо ҳамраъй ва ҷонибдори он фарзандони содиқу ташаббускорем, ки мақсаду амалашон созандагию бунёдкорист.

Дар марҳилаи кунунии рушди шаҳрамон, ки тараққиёти ҷомеа  талабот ва муносибатҳои навро ба миён оварда, барои ҳалли онҳо донишу масъулият ва мавқеи устувори шаҳрвандиро  аз ҳар фарди соҳибватан тақозо дорад, зарур мешуморем, ки аз мавқеи бетарафӣва муносибати канорагирӣоид ба ҳифзи арзишҳои шаҳрдорию шаҳрнишинӣкомилан даст кашида, бо ибрати шахсию таъмини тавозуни ифтихормандӣва масъулиятшиносӣдар сокини пойтахт будан волоияти қонунро беш аз ҳарвақта асоси зиндагии худ қарор диҳем.

Маҳз бо таҷассуми ибратбахши риояи ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандӣметавонем дар роҳи расидан ба эъмори ҷомеаи воқеан ҳуқуқбуёнду шаҳрвандии асолати дунявидошта комёб гардем. Нагузорем, ки таносуби хостаҳои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро, ки танҳо  дар асоси заҳматҳои дастҷамъона метавон риоя намуд, бо ваъдаҳои фиребандаи заминаи воқеӣнадошта халалдор созем.

Ҳамагон талош варзем, ки ирода ва маҳаки зиндагии қонунсолорӣалайҳи амалҳои коррупсионӣдар кирдори шахсиву ҳаёти ҷомеаамон сипар гардида, дилхоҳ тамоюлҳои номатлуби иртиҷоӣва нанговару бегонаи рисолати азалии тамаддуни миллиамонро осебдиҳанда ба ҳамзистии осоиштаи таркиби иҷтимоии шаҳрамон хисорот ворид насозад.

Итминон дорем, ки меҳнати аҳлонаи тамоми қишрҳои ҷомеа имкон медиҳанд, ки Барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе бовусъат татбиқ гардида, сатҳ ва сифати зиндагии сокинонро боз ҳам баландтар мегардонад.

Имрӯз сокинони пойтахт хуб дарк менамоянд, ки танҳо истифодаи ҳуқуқ ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣимкон медиҳанд масъулияти шаҳрдориямон дар ободонии шаҳраку маҳаллаҳо ва нигаҳдории фонди манзили хусусигардида, ки аз ислоҳоти системаи хоҷагии манзилию коммуналӣбармеоянд, самараҳои нек диҳанд.

Дар ин самт татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 603 аз 10 декабри соли 2009 “Дар бораи  чораҳои беҳгардонии хизматрасонӣдар соҳаи нигаҳдориву истифодабарии фонди манзил ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе”, ки  баҳри амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нигаҳдории биноҳои бисёрхонагӣва ширкати соҳибмулкони манзил” ба тасвиб расидааст, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як соҳибмулк мебошад.

Дар ин ҷода мо бо истифода аз таҷрибаи касбкардаи  шаҳрдорӣба потенсиали институтҳои шаҳрвандӣбовар дорем, ки ҳар кадоме дар доираи ҳамкориҳои иҷтимоии густурда чун ҳамеша хизматеро ба нафъи ҷомеаи пойтахт анҷом медиҳанд ва воситаҳои ахбори омма новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣдар инъикоси ҳаёти шаҳрамон мунсифона муносибат карда, дар тафаккури солими шаҳрдориву шаҳрнишинии ҳар як узви ҷомеа нақши муассир мегузоранд.

Душанбегиён ҳамеша ташаббускор ва пешсафи даъвату иқдомҳои наҷиби созандаю ватандӯстонаанд. Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки бо пешниҳоди Сарвари давлатамон  оғоз гардид, бе дастгирии умум имконнопазир аст.

Ба ҳамин мақсад барои саҳмгузорӣдар бунёди ин иншоот ва харидории саҳмияҳои ҶСК НБО-и «Роғун» ҳама сокинони пойтахт ҳамовоз гардиданд. Дар рӯзи нахустини  хариди саҳмияҳо – 6 январ душанбегиҳо дар саросари кишвар муташаккилию фаъолнокии беназир нишон дода, то ба имрӯз беш аз  345 (сесаду чилу панҷ) миллион сомонӣсаҳмия хариданд, ки ин маблағ дар маҷмӯъ қариб ба нисфи саҳмияҳои харидаи кулли шаҳрвандони ҷумҳуриамон баробар аст. Ин ташаббусу иқдоми наҷиби ватандӯстона баҳри вусъат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳ минбаъд ҳам аз ҷониби сокинони ватандӯсти шаҳрамон идома хоҳад ёфт, зеро бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳадафи стратегӣбуда, ба истифода додани он истиқлолияти энергетикии кишварамонро таъмин менамояд.

 

 

Сокинони гиромиқадри пойтахт!

 

Мо, вакилон, бо Муроҷиатномаи нахустини худ ба пиру барнои шаҳри гулпӯшу ҳамешасабзамон як нуктаи муҳимми дигарро хотиррасон карданием. Шаҳри ман – хонаи ман гуфтаанд. Аз ин рӯ вазифаи ҳамагон мешуморем, ки тариқи муносибати бомасъулиятона ба моликияти коммуналию ҷамъиятӣ, ҳифзи муҷассамаҳои меъморӣва муҳимтар аз ҳама одоби ҳамидаи инсонӣДушанберо ба зеботарину  дилработарин шаҳр дар олами муттамаддин  табдил медиҳем.

Поку тоза, гулпӯшу ҳамешабаҳор нигоҳ доштани роҳу пайроҳа, гулгашту хиёбон,  ҳавз ва боғу варзишгоҳҳои онро чун ҳавлию манзили худ бояд донем. Тозагӣ, накҳату таровати ҳамешагии шаҳрамон ин баёнгари покии дилу тинат ва симои дилкаши ҳар кадоми мо – сокинони пойтахт дар чашми дигарон мебошад.

                Дар ин самт риояи Маромномаи сокини пойтахт, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №11-2 аз 28 декабри соли 2000 қабул гардидааст ва  Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣва санитарӣдар шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ шудааст, вазифаи доимии ҳар як сокини пойтахт маҳсуб меёбанд. Ин санадҳои меъёрӣбояд роҳнамо ва барномаи кору амалу зиндагии ҳамешагии хурду калони пойтахтамон гарданд.

Мо, вакилон, фаъолони шаҳраку маҳаллаҳо бояд дар ташаккули маърифати шаҳрнишинӣ, риояи суннатҳои шаҳрдорӣ, анъанаҳои миллӣва умумибашарӣташаббускор ва ибратбахши дигарон бошем. Барҳақ дар пешгуфтори Маромномаи сокини пойтахт омадааст, ки : «Сокини пойтахт будан боиси ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣнамудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд».

                Дар пеш ҷашни фархундаю бошукӯҳ – таҷлили 90-солагии пойтахти кишварамон истодааст. Ба истиқболи ин санаи муборак ва бо армуғонҳои ҷашнӣ таҷлил намудани он аз ҳоло ҳар кадоми мо бояд ҳамаҷониба омодагиҳо бинем. Нақшаҳои кору фаъолияти созандагии хешро тарҳрезӣнамоем. Бо масъулияти баланди шаҳрдорӣмо пешниҳод менамоем, ки амали Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  № 117-12 аз 27 декабри соли 2007 бобати «Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ» эълон намудани соли 2008, ки баҳри баланд бардоштани масъулияти шаҳрнишинӣва ободкории сокинони пойтахти азизамон қабул  шудааст, чун идомаи иқдомҳои наҷиби ватандӯстона то соли 2015 тамдид карда шавад.

                Дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои олӣва орзуҳои наҷиб дар остонаи ҷашни аҷдодӣва байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай ба Шумо,  сокинони шарафманди шаҳрамон, барори кору музаффариятҳои беҳамто орзумандем!