Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 February 2013

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №104 аз  21.02.2013

 

Дар бораи шаҳрванди ҳаштмиллионуми Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

Баҳри сазовор истиқбол гирифтан аз таваллуди  шаҳрванди ҳаштмиллионуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бо инобати мактубҳои Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 8/1-14 аз 21  январи соли 2013 ва   Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  №1-4/89 аз 5 феврали соли 2013,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 6 ва 13  Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

     1.Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (Қурбонова Ш.И.)  шаҳодатномаи махсуси таваллудро  ба  тифли навзод дар шароити тантанавӣ супорад.

    2.Раёсати  ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе ба шаҳрванди ҳаштмиллионуми Ҷумҳурии Тоҷикистон (духтарча), ки дар оилаи шаҳрванд Шарипова Майсара Абдусамадовна, истиқоматкунандаи квартираи №14, бинои №19/1,  кӯчаи Ҳисорӣ,  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, квартираи дуҳуҷрадори № 6, бо масоҳати умумии 60,2м2, аз он ҷумла, масоҳати истиқоматии 36,02м2, воқеъ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии    №11/10   (маҳаллаи 83), кӯчаи Федин,  мансуб ба моликияти коммуналии  шаҳри Душанберо ба таври  ройгон ба номи  фарзанди таваллудшуда, ҳамчун манзили истиқоматии шахсӣ, тибқи тартиби муқарраргардида  ба расмият дарорад.

3.Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии  шаҳри Душанбе   (Мухудинов З.М.)  ва   Мақомоти     иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино (Сафаров З.А.) ба китоби бақайдгирӣ  тағйироти дахлдор ворид намоянд.

4.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе  (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  маблағи  8000 (ҳашт ҳазор)  сомонӣ  барои расонидани кумаки молиявии яквақтаина   ба  шаҳрванди ҳаштмиллионуми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷудо ва барои  кушодани суратҳисоби шахсӣ дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Амонатбонк» мусоидат намояд.

5. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) тибқи тартиби муқарраргардида пардохти маблағи  дар банди 4 Қарори мазкур  омадаро ба суратҳисоби шахсии шаҳрванди ҳаштмиллионуми Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмин намояд.

6.Муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. супоридани  манзилномаи шахсии квартираи ҷудокардашуда ва туҳфаҳо (сару либос, гаҳвора)-ро  барои тифли навзод дар макони зисти волидайнаш таъмин намояд.

7.Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи  саломатии  шаҳрванди ҳаштмиллионуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табиби доимиро вобаста  ва  назорати  мунтазамро таъмин таъмин намояд.

8.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

9.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси муҳтавои  Қарори мазкурро тавассути  воситаҳои ахбори омма  таъмин намояд.

10.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони  Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. ва  Назаров Б.М. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ