Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 February 2013

25 феврали соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки васеи роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, раисони шӯроҳои шаҳараку маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеву панҷвақтаи шаҳр ва масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласаи анънавие, ки моҳе як маротиба дар чунин ҳайат доир мегардад, ин навбат  масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати заминистифодабарӣ, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасониҳои тиббию коммуналӣ, нарху наво ва ғановати бозори истеъмолӣ, риояи танзими расму ойинҳо, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ дар иртибот ба таъмини ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳр ва омодагиҳо ба татбиқи барномаҳои ободонии шаҳрдорӣ бо инобати фарорасии фасли баҳору айёми ниҳолшинонӣ, бо ширкати фаъолонаи институтҳои шаҳрвандии пойтахт баррасӣ карда шуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин зимн фаъолони пойтахтро  оид ба тарҳрезию амалисозии нақшаҳои ободонӣ ва беҳбудбахшии сатҳу сифати хизматрасониҳо нек нигаронида, бо ироаи дастуру ҳидоятҳои созанда итминон баст, ки ҳар як сокини шаҳр вобаста ба он бо дарку эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ муносибат менамояд.

Дар ин росто зикр намуд, ки тибқи қарори дахлдори шаҳрдор рӯзҳои 2, 9 ва 16-уми марти соли 2013 баҳри истиқболи сазовори қудуми файзбори Наврӯз дар шаҳр ҳашарҳои умумишаҳрӣ бо таъин кардани корҳои ободонӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ баргузор карда хоҳанд шуд. Илова бар он,  бо садоқат ба русуми Наврӯзи аҷдодӣ, дар радифи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ соли ҷорӣ бо ҳукми анъана бахшидан барои солҳои пасомад дар шаҳр, 23 март ҳамчун рӯзи Наврӯзи бунёдкорӣ эълон ва бо бунёдкориҳои бемислу ибтикорзо барои ояндагон  доир карда хоҳад шуд.

             Вобаста ба таъмини волоияти қонун оид ба заминистифодабарӣ ва аз рӯи таъинот ва муқаррароти  қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандон мавриди амал қарор доштани татбиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе роҷеъ ба додани иҷозат ба сохтмонҳои мухталиф, баҳри пешгирӣ  аз объекти хариду фурӯши ғайриқонунӣ қарор додани санадҳои мазкур М.Убайдуллоев дастур фармуд, ки комиссияи босалоҳияти  ҷамъиятӣ, ки аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар он шомил бошанд, таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва мубориза бар зидди коррупсия Гулчеҳра Шарипова воқеияти амалишавии тамоми қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанберо мавриди санҷиш қарор диҳад.