Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 February 2013

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №109 аз 21 феврали соли 2013   

                             Лоиҳа

 

        Дар  бораи  баргузории  озмуни кушод  

        баҳри   дарёфти   беҳтарин   таҳиягари

        лоиҳаи иншооти сохтмонаш нотамоми

        «Аквапарк дар шаҳри   Душанбе»

 

Бо мақсади дарёфти беҳтарин лоиҳакаши иншооти  сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва талаботҳои муосири меъморӣ ба анҷом расонидани сохтмони иншооти  мазкур мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.Баҳри дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳакаши иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» байни лоиҳакашон -шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанию хориҷии салоҳиятнок аз 25 феврал то 6 апрели  соли 2013, бо ҷамъбасти ниҳоӣ на дертар аз 13 апрели соли 2013, озмуни кушод эълон карда шавад.

2.Шартҳои замимагардидаи гузаронидани озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳакаши иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шавад .

3.Ҷиҳати дарёфти беҳтарин лоиҳаи бунёди иншооти сохтмонаш  нотамоми  «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» комиссияи озмунӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода, эълони шартҳои озмунро тибқи шартҳои  гузаронидани озмун тавассути васоити ахбори омма, аз ҷумла сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини лоиҳакашони ватанию хориҷии салоҳиятнок ба табъ расонда, ҷамъбасти онро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 13 апрели соли 2013 таъмин намояд.

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути сомонаҳои интернетию васоити ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва мудири шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шарипов Ҳ.С. гузошта шавад.

 

                                                                  М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

                                                                                Замима №1

                                                        ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 109 аз 21 феврали соли 2013

 

Шартҳои

озмуни кушод баҳри дарёфти беҳтарин  лоиҳакаши иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» 

 

1.     Ҳолатҳои умумӣ

1.     Озмун бо ширкати лоиҳакашони ватанию хориҷии салоҳиятнок баҳри дарёфти беҳтарин  лоиҳакаши иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»  дар шакли кушод гузаронида мешавад.

2.     Мақсади асосии озмун аз дарёфти беҳтарин  лоиҳакаши иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе», ки дорои салоҳияти касбӣ дар сатҳи байналмилалӣ бошад, иборат аст.

3.     Муҳлати пешниҳоди дархостҳо бо қайди «Барои озмун» ҷиҳати иштирок: - то 6 апрели соли 2013.

4.     Шахси қабулкунандаи дархостҳо ва суроѓаи ҳуқуқии он: - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар:

         734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 24,

почтаи электронӣ: e-mail: zokirk@yandex.ru

5.     Дархостҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта  шуда, дархостҳои баъди санаи дар банди 4-уми шартҳои мазкур пешниҳодгардида қабул ва баррасӣ намегарданд.

 

2. Номгӯи ҳуҷҷатҳои ба довталабон пешниҳодшаванда:

а)Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар  бораи  баргузории озмуни

кушоди байналмилалӣ ва Низомномаи озмун;

б)Навори нави топографии маҳалли бунёди Аквапарк;

в) Маълумот оиди масоҳати қитъаи замини ҷудогардида.

 

3. Номгӯи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби довталабон пешниҳодшаванда:

1.       Довталабон ба Комиссияи озмунӣ мактуби ёддоштӣ дар ҳаҷми на кам аз 2 саҳифаи чопӣ ирсол намуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба он замима намоянд:

Ø           Иктибос аз Феҳрасти ягонаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;

Ø           Иҷозатнома (Литсензия) барои фаъолияти лоиҳакашӣ;

Ø           Харҷномаи  корҳои лоиҳакашии иншоот;

Ø           Маълумот дар бораи потенсиали кадрӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ;

Ø           Маълумот дар бораи базаи моддӣ-техникӣ барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ;

Ø           Маълумоти расмӣ аз нозироти андози маҳалли ҷойгиршавии довталаб оид ба қарздор набудани довталаб дар назди буҷети давлатӣ;

Ø           Маълумот оиди ҳолати қарзнокиҳои дебиторию кредиторӣ;

Ø           Маълумот оиди корҳои қиёсии иҷронамудаи довталаб бо тавсияҳои (отзыв) Фармоишгар;

Ø           Лоиҳаи рангаи ангории иншооти бунёдшаванда дар ҳаҷми на кам аз 50х30см ба миқдори 2 дона;

2.       Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи   он номи рамзӣ (девиз) иборат аз 5 ҳарф ё 5 рақам сабт шудааст, мавҷуд бошанд (баландии  навиштаҷот 20мм-ро ташкил диҳад).

3.       Дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода бурдан мумкин аст.

 

4. Маълумот оиди ҳолати кунунии иншоот

      Маълумот оиди ҳолати имрӯзаи иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» бо дарҷи ҳаҷми корҳои заминӣ ва оҳанубетонии дар асл иҷрошуда ва арзиши онҳо, инчунин экспликатсия дар матни русӣ замима мегардад.  

 

5.Тартиби баррасии дархостҳо ва ҷамъбасти озмун:

 

1.       Дархостҳоро Комиссияи озмунӣ дар ҷаласаи худ 7 апрели соли 2013 баррасӣ менамояд.

2.       Муҳокима ва таҳлили дархостҳо таври озод сурат гирифта, довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки ба талаботҳои озмун пурра ҷавобгӯй бошад.

3.       Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод муайян менамояд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раискунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

4.       Раванди ҷаласа ва Қарори комиссия дар протокол сабт мегардад ва фавран барои қабули қарори дахлдор ба роҳбари ташкилоти харидор-Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

5.       Баъди аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидан ба ѓолиби озмун дар давоми 3 рӯз тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда огоҳнома ҷиҳати ба имзо расонидани шартномаи дахлдор ирсол мегардад.