Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 March 2013

            Қарори раиси шаҲри Душанбе № 112 аз 1.03.2013

           Дар бораи ҷудо намудани маблағ

 Барои саҳми арзандаю ширкати фаъолонаи занон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонии шаҳри Душанбе, бахусус қадрдонии заҳмати занони кӯчарӯб дар фаслҳои сармои тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 ва дигар фаъолзанону собиқадорони меҳнат, ба муносибати идҳои Рӯзи Модар ва Наврӯз,  мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д. М.) аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 1 812 100 (як миллиону ҳаштсаду дувоздаҳ ҳазору сад) сомонӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки яквақтаина аз ҷумла, ба занон - кӯчарӯбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе тавассути ҳисоббаробаркунӣ ба буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе 1 754 900 (як миллиону ҳафтсаду панҷоҳу чор ҳазору нуҳсад)  сомонӣ, барои собиқадорони меҳнат, фаъолзанон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба  муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  57 200 (панҷоҳу ҳафт ҳазору дусад)  сомонӣ мутобиқи замима  ҷудо намояд.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Хайруллоев Н., Мансуров Ҷ. М., Назаров Б. М., Оев А. М.) мутаносибан дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дастрас гардонидани маблағҳои ҷудогардидаро тариқи суроғавӣ ба шахсони тибқи рӯйхат муқарраргардида дар фазои тантанавӣ рӯзҳои 4 ва 5 марти соли 2013 таъмин созанд.

3. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида ба роҳ монад.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ    

 

 

 

 

                     Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

  №112 аз 1 марти  соли  2013

 

 

Ҳисобнома

оид ба  расонидани кӯмаки моддии яквақтаина ба муносибати  таҷлили  идҳои Рӯзи модар ва Наврӯз  ба занон-кӯчарӯбони Раёсати истифодабарии роҳҳо,  кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадори меҳнат ва фаъолзаноне, ки дар рушду нумуи  пойтахт саҳми арзанда доранд.

 

Номгӯй

Ҳамагӣ нафар (одам)

Кӯмаки моддӣ барои  як нафар                (бо сомонӣ)

Маблағ                      (бо сомонӣ)

Занон- кӯчарӯбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур

310

700

217000

Занон-кӯчарӯбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ

561

700

392700

Занон-кӯчарӯбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ

516

700

361200

Занон-кӯчарӯбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино

1120

700

784000

Занони собиқадори меҳнат

14

600

8400

Фаъолзаноне, ки дар рушду нумуи  пойтахт саҳми арзанда доранд.

13

600

7800

Занон- кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

82

500

41000

Ҳамагӣ

2616

 

1812100