Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 March 2013

Ба ифтихори Рӯзи модарон- 8-уми март  ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шаҳрдории Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ  фаъолзанони пойтахт, аз ҷумла роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Ин навбат барои қадргардонии  2616 нафар занони категорияҳои мухталиф тибқи Қарори марбутаи  Раиси шаҳри Душанбе № 112 аз 1 марти соли 2013  аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр  1 млн. 812 ҳазору 100 сомонӣ бо дарназардошти ба 2507 нафар занон-роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба ҳар кадоме 700 сомонӣ ва ба 27 нафар занони собиқадори меҳнат ва фаъолзаноне, ки дар рушду нумӯи пойтахт саҳми арзанда доранд ба ҳар кадоме 600 сомонӣ  ҷудо карда шуд.

Кӯмаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти Раиси шаҳр аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт рӯзҳои 4 ва 5 марти соли 2013 дар расми тантанавӣ ба роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр тақдим карда мешаванд.

Дар иртибот ба иҷрои Қарори мазкур нимаи дуюми 4 марти соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки бригадирзанони роҳрӯби Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр, занони собиқадори меҳнат ва фаъолзаноне, ки дар рушду нумӯи пойтахт саҳми арзанда доранд аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо супоридани мукофотпулиҳо ҷаласаи тантанавие созмон дода шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳо ва дар симаташон кулли модарон ва бонувони шаҳрро бобати саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори сипос намуда, бо ибрози таманниёти самимӣ итминон баст, ки  минбаъд низ нерӯ, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардида, бо тарбияи насли солиму дорои пешаи зиндагии қонунсолорӣ, бо ибрати шахсӣ риоят намудани танзими расму ойин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо, дар ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ва пешрафти шаҳр муваффақтар мегарданд.